Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле ки дар Австрия ва Швейтсария мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо ҷараён дорад, дастаи мунтахаби Куриёи Шимолӣ қаҳрамони футболи Осиё дар соли 2008 байни дастаҳои занона гардид.

Тими ғолиб дар бозии ниҳоӣ дар шаҳри Ҳошимини Вйетнам дастаи мунтахаби Чинро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва барои севвумин бор ба унвони қаҳрамони футболи Осиё ва медалҳои тилло даст ёфт.

Дастаи Чин, ки дуввум шуд, бо медалҳои нуқра сарфароз гардид.

Дастаи мунтахаби занонаи Жопун, ки бар тими Австралия бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуд.

XS
SM
MD
LG