Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои гуштии озоди Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии гуштии озоди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ширкати 72 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар тӯли ду рӯз идома кард.

Сардовари ин мусобиқа Абдурозиқ Олимов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳои инфиродӣ 6 нафар паҳлавонони душанбегӣ – Фарҳод Усмонзода дар вазни 55 кг, Эраҷ Табаров (60 кг), Азамат Сӯфиев (66 кг), Ҳусниддин Маллаев (84 кг), Эраҷ Азизов (96 кг) ва Шодӣ Баҳромов (120 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Инчунин Комилҷон Шералиев, аз шаҳри Кӯлоб, дар вазни 74 кг соҳиби медали тилло гардид.

Ба иттилоъи оқои Олимов беҳтарин гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ барои гиромидошти хотираи Қаҳрамони дукаратаи Меҳнати Сусиёлистӣ Саидхоҷа Урунхоҷаев, ки аз 6-ум то 8-уми июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Ба ин мусобиқа, инчунин, варзишгарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон даъват шудаанд.

XS
SM
MD
LG