Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баъди танаффуси дуҳафтаина бо дидори дастаҳои «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа ва «Равшан»-и Кӯлоб аз сар гирифта шуд.

Ин бозӣ бо ғалабаи тими мизбон - «Тоҷиктелеком» бо натиҷаи 2:1 хотима ёфт. Нахуст Фозил Сатторов, бозигари «Тоҷиктелеком», дар дақиқаи 2-вум ҳисобро боз кард. Ҳамлагар Пирмурод Бурҳонов дар дақиқаи 57-ум голи дуввуми дастаи ғолибро ба самар расонд. Воқеъан, ин голи 6-уми Пирмурод дар бозиҳои мусобиқоти имсола ба шумор меравад ва ӯ дар сабқати голзанҳои беҳтарин ба зинаи дуввум баромад. Бахтиёр Ҳасанов, бозигари «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки ба дарвозаи рақибонаш 7 тӯб задааст, дар ҷои аввал мебошад.

Дар бозии байни дастаҳои «Тоҷиктелеком» ва «Равшан» як голи тими меҳмонро Наврӯз Рустамов дар охирин дақиқаи дидор ба ҳадаф расонд.

Се имтиёзи ба даст оварда ба тими ғолиб – «Тоҷиктелеком» имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқот ду зина болотар – ба ҷои севвум барояд. Тимҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Динамо»-и Душанбе низ чун дастаи «Тоҷиктелеком» 12-имтиёзӣ гирифтаанд. Вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Парвоз» дар зинаи дуввум, «Тоҷиктелеком» дар зинаи севвум ва «Динамо» дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудаанд. «Парвоз» ду бозӣ камтар анҷом додааст.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон, ки аз 6 бозӣ 16 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

6

5

1

0

22-5

16

2.

«Парвоз»

4

4

0

0

10-1

12

3.

«Тоҷиктеле-

ком»

6

4

0

2

13-8

12

4.

«Динамо»

6

3

3

0

9-5

12

5.

«Хуҷанд»

5

3

1

1

4-2

10

6.

CSКА «Помир»

7

3

0

4

5-10

9

7.

«Вахш»

5

2

1

2

5-4

7

8.

«Саройкамар»

8

1

2

5

10-18

5

9.

«Равшан»

7

1

1

5

7-15

4

10.

«Гвардия»

6

1

1

4

7-16

4

11.

«Энергетик»

6

1

0

5

8-16

3

Дар бозиҳои даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 24-уми май «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо «Динамо»-и Душанбе, «Тоҷиктелеком» бо «Регар» ТадАЗ, «Гвардия»-и Душанбе бо «Парвоз», «Саройкамар»-и Панҷ бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд рақобат мекунанд. Охирин бозии даври 9-ум рӯзи якшанбеи 25-уми май байни ду дастаи шаҳри Душанбе – CSKA «Помир» ва «Энергетик» баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG