Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи футзали Тоҷикистон ба Тайланд меравад


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бар асоси қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 11-ум то 18-уми майи соли 2008 дар пойтахти Тайланд – шаҳри Бангкок баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Эрон, Чин ва Кувайт бозӣ хоҳад кард.

16 дастаи ширкаткунандаи марҳалаи ниҳоии ин мусобиқот ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» Қирғизистон, Тайланд, Ироқ ва Индонезиё, ба гурӯҳи «В» Ҷопон, Австралиё, Туркманистон ва Тайван, ба гурӯҳи «С» Узбакистон, Лубнон, Куриёи Ҷанубӣ ва Малайзиё шомил гардиданд. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон 11-уми май бо дастаи Чин, 12-уми май бо тими Кувайт ва 13-уми май бо дастаи Эрон бозӣ хоҳад кард.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 15-уми май доир мегардад, ширкат меварзанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 16-уми май ва бозии ниҳоӣ 18-уми май баргузор мешаванд. Чаҳор дастаи ба даври ниманиҳоӣ расида ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали ҷаҳон, ки моҳи октябри соли 2008 дар Бразил доир мегардад, роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG