Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби "Суруди сол"?


Ширкаткунандагони баҳс посухҳои гуногун доданд. Дар ҳоле ки яке навишт, ҳамаи овозхонҳои тоҷикро дӯст медорад, дигаре афзуд, ҳеч кадомро намеписанданд, зеро таронаҳои онҳо маънии амиқ ва дилнишин надорад. Ин ду ақида, албатта, қутбҳои баҳс буданд ва аксарият, дар васат, номи овозхонҳои маҳбуби худ, бархе аз таронаҳои онҳоро навиштанд ва дархост карданд, ҷоизаи Суруди сол ба ин ё он овозхон ё гурӯҳ дода шавад. Ҳарчанд радиои Озодӣ дар таъсису баргузории озмунҳои Суруди сол ва Навои дил ширкати бевосита надорад, умедвор аст, ки доварони ин озмунҳо фикру андешаи шунавандагони Озодӣ ва хонандагони сомонаи интернетии онро ба эътибор хоҳанд гирифт. Махсусан ки бисёре аз ширкаткунандагони баҳси мо шаҳрвандоне ҳастанд, ки берун аз Тоҷикистон ба сар мебаранд ва даргумон аст, онҳо тавониста бошанд, дар пурсишҳои дохили Тоҷикистон саҳм гирифта бошанд.

Дастикам як хулосаи номаҳои бешумори онҳо ин аст, ки бояд ба овозхони саршиноси тоҷик Далери Назар унвони фахрӣ ва ё ҷоизаи вижаи Дастовардҳои умр дода шавад.

Агар мехоҳед, ин андешаҳои гуногунро якояк бихонед ва ё инчунин ақидаи худро ба мо бифиристед, ин ҷумлаи сабзро "клик" кунед.
XS
SM
MD
LG