Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Билайн" ба Тоҷикистон меояд


Ахиран ин ширкат 60 дар сади саҳмияҳои ширкати мобилии «Тоҷфон»-ро ба ивази 12 миллион доллари амрикоӣ харидорӣ кард. 40 дарсади саҳмияҳо дар ихтиёри «Ориёнбонк» ва раисаш Ҳасан Саъдуллоев боқӣ монд. Ба ин васила, Тоҷикистон чорумин кишвари узви ИДМ аст, ки рӯйи харитаи «Билайн» ҷой гирифт. Ҳамзамон дар Русия, Украина ва Қазоқистон беш аз 40 миллион нафар аз хизматрасонии ширкати «Билайн» истифода мекунанд. Александр Изосимов, сарвари кулли «Вимпелком» ба хабарнигорон гуфтааст, дар Тоҷикистон ҳанӯз майдони хидматгузории мобилӣ холӣ аст ва ин вазъ барои ба бозори мобилии Тоҷикистон ворид шудан хеле мусоид аст. Феълан фаъолияти ширкати «Тоҷфон», ки нахустин ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон аст, танҳо дар шаҳри Душанбе маҳдуд мешавад, аммо ин ширкат иҷозаи фаъолият дар тамоми қаламрави Тоҷикистонро дорад. Ба гуфтаи Мурод Норматов, яке аз масъулони ширкати «Тоҷфон», дар ҳоли ҳозир ҳудуди даҳ ҳазор нафар аз хизматрасонии ин ширкат истифода мекунанд. Ҳамакнун масъулони ширкати «Тоҷфон» иддао доранд, ки бо таҷдиди фанноварӣ ва фарогирии бештари фазои хизматрасонӣ то охири соли 2006 теъдоди муштариёни ширкатро ба сад ҳазор нафар расонида ва тавони рақобати баробар бо ширкатҳои дигари мобилиро пайдо мекунанд.

Бо ин вуҷуд дар Тоҷикистон шаш ширкати дигари мобилӣ мавҷуд аст, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 340 ҳазор нафар аз хизмати онҳо истифода мекунанд. Дар ин миён ширкати TT-Mobile, ё худ МЛТ низ фаъол аст, ки 75 дар сади саҳмияи он ба ширкати русии «Мегафон» мансуб аст. Парвиз Давлатов, мудири бахши тиҷоратии ширкати МЛТ мегӯяд, дубора фаъол шудани ширкати мобилии «Тоҷфон» ба коҳиш ёфтани теъдоди муштариёни ширкати МЛТ сабаб нахоҳад шуд, зеро ширкати МЛТ тӯли чанд соли ахир дар бозори мобилӣ мавқеи устувор дошта ва рақобатбардор шудааст.

Ҳамзамон, ширкати мобилии «Вавилон-Мобайл» аз харидорӣ шудани 60 дар сади саҳмияи ширкати «Тоҷфон» аз сӯйи «Вимпелком»-и Русия истиқбол ва изҳори омодагӣ кард, ки барои роҳандозии фаъолияти «Тоҷфон» ёрӣ расонад.

Бар тибқи арзёбии коршиносон, ширкати «Вимпелком» ҳар як муштарии «Тоҷфон»-ро ба қимати як ҳазору дусад доллари амрикоӣ харидааст ва ин гаронтарин созишнома дар бораи хариди як ширкати мобилӣ дар Осиёи Марказӣ барои ширкати русии «Вимпелком» аст. Вале иддае аз коршиносон ба дурнамои пурмаҳсули фаъолияти «Вимпелком» дар Тоҷикистон шубҳа доранд, зеро ба назари онҳо, ин кишвар барои сармоягузорӣ ба соҳаи мухобирот ҳанӯз мусоид нест ва теъдоди ками шаҳрвандон имкони пардохти хизматрасонии гарони ширкатҳои мобилиро доранд.
XS
SM
MD
LG