Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти бозаргонони СҲШ


Гурӯҳе аз соҳибкорони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой пас аз мулоқот дар Душанбешаҳр

Гурӯҳе аз соҳибкорони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой пас аз мулоқот дар Душанбешаҳр

Нишасти Шӯрои бозаргонони созмони Шонгҳой бо ширкати намояндагони шаш кишвари узви он имрӯз, 26-уми август, дар Душанбе баргузор шуд.

Ин Шӯро ду соли қабл ва бо ҳадафи густариш ва таҳкими муносиботи иқтисодӣ миёни кишварҳои узви ин созмон таъсис ёфтааст.

Юй Пин, раиси утоқи бозаргонии Чин, мегӯяд дар доираи фаъолияти созмони Шонгҳой татбиқи ин аҳдоф мушкил нахоҳад буд. Ва раҳбарияти кишвари ӯ аз мизони гардиши коло миёни кишварҳои узв дар ҳоли ҳозир, ки 60-70 миллиард долларро ташкил медиҳад, қонеъ нест ва раиси ҷумҳурии Чин Ҳу Сзинтао гуфтааст, ки ин рақам дар соли 2010 то сад миллиард доллар боло хоҳад рафт.

Ба эътиқоди раиси утоқи бозаргонии Чин, иҷрои ин амр барои Шӯрои бозаргонии Шонгҳой душвор нахоҳад буд, зеро онҳо дастур ва тарҳҳои раҳбарон ва давлатҳоро амалӣ хоҳанд кард.

Аммо Шариф Саид, раиси утоқи бозаргонони Тоҷикистон, бо изҳори ризоият аз мизони равобити иқтисодии кишварҳои узви созмони Шонгҳой дар марҳалаи кунунӣ таъкид кард, ки ин ҳамкориҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Вай гуфт, барои мисол агар дар соли гузашта миёни Тоҷикистон ва Чин ба маблағи 524 миллион доллар гардиши мол сурат гирифта бошад, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ин рақам то ҳудуди 300 миллион доллар боло рафтааст.

Раиси утоқи бозаргонони Тоҷикистон афзуд, ки танҳо дар раванди баргузории нахустин намоишгоҳи миллии Чин дар шаҳри Душанбе дар авоили моҳи ҷорӣ миёни тоҷирони ду кишвар ба маблағи беш аз 270 миллион доллар созишномаҳо имзо шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Алишер Шайхов, раиси утоқи тиҷоратии Узбакистон, мегӯяд, барои густариш ва ривоҷи равобити иқтисодӣ миёни кишварҳои узв бояд асноде таҳия ва пазируфта шавад, ки кафолияти фаъолияти тиҷоратиро таъмин кунад. Вай афзуд, барои иҷрои ин амал зарур аст сармоягузор ва ё тоҷир бидонад, ки бимаи коло ва ё сармояи онро давлат замонат диҳад.

Дар ҳамин ҳол шоми имрӯз Ҳу Сзинтао, раиси ҷумҳурии Чин, ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ вориди Душанбе хоҳад шуд. Манобеъи расмии Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷараёни ин сафар миёни Тоҷикистон ва Чин 17 санади ҳамкорӣ дар бахши иқтисодӣ ба имзо хоҳад расид.

Тайи солҳои ахир Чин ба бузургтарин сармоягузори тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ин кишвар бо ихтисоси ҳудуди 700 миллион доллар дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла бозсозии роҳи Душанбе-Хуҷанд, эҳдоси хутути интиқоли нерӯи барқ, сохтмони нақби «Шар-Шар», ширкати фаъол дорад. Ҳамчунин дар корхонаи бузургтарини тавлиди тилои Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷакент Чин бо харидории 75 дарсади саҳмияҳои мутааллиқ ба Бритониё ҳузури худро дар арсаи иқтисодии ин кишвар таҳким бахшидааст.

Аз ин рӯст, ки таҳлилгарон ба афзоиш ёфтани нақш ва нуфӯзи Чин дар Тоҷикистон таъкид мекунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG