Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, баъзе мақомоти Тоҷикистон ба марказҳои матбуотии худ додани иттилоъ ба расонаҳои хабарӣ бе иҷозаи раёсатро манъ кардаанд.

Нуриддин Қаршибоев, сарвари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ҳамчунин ба рӯзноманигорон тавсия шудааст, ки қаблан суолҳои хешро тариқи хаттӣ ба мақомот ирсол доранд.

Оқои Қаршибоев афзуд, ба хабарнигорони радиоҳои Озодӣ ва Имрӯз марказҳои матбуотӣ гуфтаанд, ки бидуни иҷозаи раҳбарият иттилоъ нахоҳанд дод. Ва Ҷумъабой Толибов, хабарнигори Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистонро намояндагони додситонии ноҳияи Айнӣ барои гӯё «суоли авбошона» мариди пурсуҷӯ қарор додаанд.

Дар ҳамин ҳол Ноилшо Нуралиев, сарвари маркази матбуотии вазорати маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, аз он ки дар дигар вазоратҳо дастрасӣ ба иттилоот чӣ гуна ба роҳ монда шудааст, хабар надорад. Вай афзуд, дар вазорати маориф касе аз раҳбарон дастур надодааст, ки барои дастрасӣ ба иттилоот монеъа эҷод шавад. Оқои Нуралиев гуфт, баръакс вазорати маориф манфиатдор аст, ки ахбори марбут ба вазорат ҳарчи зудтар дастраси мардум шавад.

Дар ҳоле ки сухангӯйи вазорати маорифи Тоҷикистон эҷоди монеъаҳо дар дастрасии иттилоотро падидаи саросарӣ арзёбӣ намекунад, Раҷаби Мирзо, сармуҳаррири барномаҳои радиои Имрӯз, мегӯяд, ин раванд баъд аз қабули Қонун дар бораи дастрасӣ ба иттилоот шурӯъ шудааст. Вай афзуд, бахусус қабл аз ягон ҷашну идҳо масъулин омилан аз додани иттилоот худдорӣ мекунанд.

Оқои Мирзо гуфт, эҳтимол дорад ҳаводиси рӯзҳои ахир ба нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ рабт дошта бошад, ки қарор аст рӯзи 28 август дар Душанбе баргузор шавад.

Рӯзи 9 август миёни кормандони марокизи матбуотии ҳукуматӣ ва расонаҳои иттилоотӣ як ёддошти ҳусни тафоҳум ҷиҳати беҳбуди дастрасӣ ба иттилооти расмӣ ба имзо расида буд. Тибқи ин ёддошти тафоҳум ҷонибҳо тааҳуд кардаанд, ки дастрасӣ ба иттилоъи расмӣ содда хоҳад шуд.

Нуриддин Қаршибоев, сарвари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, дар амал ниҳодҳои ҳукуматӣ барои дастрасӣ ба иттилои расмӣ рӯз то рӯз мушкил эҷод мекунанд, ки ин боиси нигаронӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG