Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси дастаҳои наҷот дар кумитаи изтирорӣ


Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон барои расидагии сареъ дар рафъи пайомадҳои офоти табиӣ дастаҳои касбии наҷот дар шаҳру ноҳияҳоро таъсис додааст.

Ин матлаб имрӯз дар маросими тақдими кӯмакҳои фаннӣ аз сӯи Барномаи рушди СММ ва Оҷонси ҳамкорӣ ва рушди Швейсария дар Тоҷикистон ба кумитаи умури изтирории Тоҷикистон баён гардид. Қаблан ин кумита танҳо як Маркази наҷотдиҳӣ дошт, ки фаъолияти бақия гурӯҳҳои зудамал ба ҳангоми вуқӯъи ҳаводиси табииро назорат ва танзим мекард.

Ташкили дастаҳои наҷоти кумитаи умури изтирории Тоҷикистон дар вилоёт ва шаҳру навоҳии кишвар бо ҳадафи ёрии оҷил ва кӯмак ба зарардидагон аз ҳаводиси табиӣ сурат гирифтааст. Ҳайбулло Латифов, раиси кумитаи умури изтирорӣ ва мудофиъаи мулкии Тоҷикистон, ки дар маросими эътои кӯмакҳои фаннӣ аз сӯи Барномаи рушди СММ ва Оҷонси ҳамкорӣ ва рушди Швейсария дар Тоҷикистон ба ин ниҳод сӯҳбат мекард, гуфт, дастаҳои наҷот аз шумори кормандони ҳирфаӣ созмон дода шуда, ба таври ҳамеша фаъолият мекунанд.

Оқои Латифов афзуд, бар изофаи дастаҳои касбии наҷот, ки дар ҳоли ҳозир шумори аъзои он 200 нафар аст, ҳамчунин дар назар аст дастаҳои ихтиёрӣ аз ҳисоби афроди мулкӣ таъсис дода шавад. Вай афзуд, дастаҳои ихтиёрии ёрирасон дар ҳоли ҳозир дар навоҳии водии Ҳисор созмон дода шудааст, ки онҳо низ метавонанд ҷиҳати аз байн бурдани пайомадҳои ҳаводиси табиӣ, назири обхезӣ, ярч, сел ва ғайра, ба офтазадгон мадад расонанд. Ҳамин манбаъ афзуд, ки кӯмакҳои расида баробар дар ихтиёри дастаҳои наҷот қарор дода хоҳад шуд ва ин кӯмакҳо, ки аз лавозимот ва таҷҳизоти вижа барои кормандони умури изтирорӣ иборат аст, барои рафъи ҳари зудтари авоқиби ҳаводиси табиӣ мусоидат хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки Майк Ҷонсон, раҳбари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, мегӯяд, аз лиҳози мавқеъияти ҷуғрофӣ Тоҷикистон дар минтақаи зилзилахез ва осебпазир аз ҳаводиси фавқуллоддаи табиӣ қарор дорад ва ба дарназардошти ҳамин мушкил ин созмон ва Оҷонси ҳамкорӣ ва рушди Швейсария ба кумитаи умури изтирории Тоҷикистон кӯмак кардааст. Гуфта шуд, ки маболиғи умумии ин кӯмакҳо ҳудуди як миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Тибқи иттилоъи кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, танҳо дар нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави ин кишвар 75 ҳодисаи табиӣ рух дода, ки хисороти он миллионҳо сомониро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG