Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи сарбозони мардикор


Додситонии низомии Хуҷанд баррасии парвандаи ду сарбози як қисми низомӣ, мустақар дар ноҳияи Мастчоҳро, ки дар минтақаи ҳаммарзи Узбакистон ба мардикорӣ машғул шудаанд, анҷом дода, ҷиҳати бозбинӣ ба додгоҳи низомӣ ирсол доштааст.

Муслим Худойбердиев, додраси додгоҳи низомии Хуҷанд, дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, Қурбон Халилов ва Зубайдулло Алиев – ду сарбози қисми низомии мустақар дар Мастчоҳ, дар ибтидои моҳи феврали соли равон ба ноҳияи Пискенти Узбакистон, ҳаммарз бо ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон, гузашта, дар хонаҳои одамон дар муддати қариб як моҳ корҳои мухталифро иҷро мекарданд. Дар ҳамин ҳол онҳоро дар охири моҳ сарҳадбонони Узбакистон дастгир карда, ба ҷониби Тоҷикистон супориданд.

Додситонии низоми Хуҷанд баъди тафтиши ин қазия алайҳи сарбозон Қурбон Халилов ва Зубайдулло Алиев иттиҳомоти фирор аз қисми низомӣ, марзшиканӣ ва ошкор сохтани сирри давлатӣ эълон кардааст. Аммо ин сарбозон танҳо будубоши худ берун аз қисми ҳарбиро тан гирифта, вале иттиҳомоти фирор аз қисми ҳарбӣ ва ошкорсозии сирри давлатиро радъ кардаанд. Зимнан ин ду сарбоз аз навоҳии Ҳисор ва Шаҳринав ба хидмати низомӣ ба вилояти Суғд даъват шуда, баъд аз чаҳор моҳи адои хидмати ҳарбӣ боздошт шудаанд.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи таҳлилгарон ва коршиносони маҳаллӣ, ҷалби сарбозони ҷузъу томҳои низомии Суғд, ки дар онҳо ҷавонон хидмати ҳатмии ҳарбии худро адо мекунанд, ба корҳои ғайринизомӣ, аз ҷумла ба корҳои кишоварзӣ ва ё шахсӣ ба ҳукми як одати маъмулӣ даромадааст. Коршинос Тилав Расулзода мегӯяд, масалан, қаблан ҷалби сарбозон ба асппарварӣ дар ноҳияи Ғончӣ ошкор шуда буд. Аммо ба гуфтаи вай, сарбозонро одатан ба ин гуна корҳои ғайр афсаронашон водор мекунанд.

Коршинос Тилав Расулзода инчунин афзуд, ки бо роҳи мардикорӣ сарбозон вазъи иқтисодӣ ва хӯрду хӯроки худро дар артиш беҳтар мегардонанд ва гоҳе барои аҳли оилаи нодори худ ҳам каме пул меёбанд.

Дар ин иртибот падари яке аз сарбозон бидуни зикри номи худ афзуд,

ки чун ба сафҳои артиши Тоҷикистон асосан фарзандони одамони нодор ва камбағал ҷалб мешаванд, онҳо аз ҳар пешниҳоди бо роҳи кору мардикорӣ маблағ ёфтан рӯ наметобанд.

Аммо ба гуфтаи ин падари сарбоз, афсарони артиш, ки сарбозонашонро ба тариқи ғайриқонунӣ барои мардикорӣ ба берун аз қисми низомӣ мефиристанд, дар ҳолати ба ягон мусибат гирифтор омадани сарбозон одатан аз онҳо ҳимоят намекунанд ва худро аз ҳодиса комилан бехабар вонамуд месозанд.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи додгоҳи низомии Хуҷанд, бозбинии додгоҳии ду сарбози дар мардикории Узбакистон ба дастафтода дар рӯзҳои наздик оғоз хоҳад шуд .

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG