Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиребгарони зоиронро муҳокима мекунанд


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муҳокимаи парвандаи ҷиноии ширкати сайёҳии мавсум ба «Холид Музаффар»-ро оғоз кардааст.

Мақомоти тафтишотӣ се нафар аз масъулони ин ширкат - раис Назаршо Ҳақназаров, муъовин Фазлиддин Ақлиддинов ва корманд Таваралӣ Кассировро бо иттиҳоми қаллобӣ, сохтакорӣ дар таҳияи аснод ва фаъолияти ғайриқонунӣ айбдор кардааст. Масъулони ин ширкат бо ҷалби 2500-долларӣ аз 700 табаъаи тоҷик ваъдаи зиёрати хонаи Каъба дар соли 2007-ро дода, аммо ба ваъда вафо накардааст ва аз ин шумора маблағи 60 нафарро бозпас нагардонидааст.

Баҳси миёни масъулони ширкати хусусии сайёҳии «Холид Музаффар» ва нафаронеро дар мурофиъаи додгоҳӣ мешунидед, ки наздики як сол аст, маблағҳои пардохтаи худро аз ин ширкат бозпас гирифта наметавонанд.

Ширкати мазкур дар маросими ҳаҷҷи соли 2007 эълон кардааст, ки омодааст ҳамаи ҷараёни сафар ва бозгашти хоҳишмандони зиёрати Каъба ва дигар маконҳои муқаддаси ислом дар шаҳрҳои Арабистони Саудиро ташкил бикунад ва бо ин ҳадаф аз 700 тан аз шаҳрвандони кишвар ба маблағи 2500-доллари амрикоӣ маблағ ситондааст. Баъд аз он ки маросими ҳаҷ ба анҷом расида, ширкат ҳатто нафареро аз ин теъдод натавонистааст мушарраф ба зиёрати хонаи Худо созад.

Ва ин нафарон даъвои бозпас гирифтани маблағҳои худро мекунанд. Аз ин миён масъулони ширкат бо ҳар баҳона пардохти маболиғи бархе аз ин касонро ба таъхир андохтаанд ва иддае аз фиребхӯрдаҳо ба додситонӣ муроҷиат кардаанд.

Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар асоси шикояти бархе аз даъвогарон алайҳи масъулони ин ширкат, аз ҷумла раис, муъовин ва як ходими он, кори ҷиноӣ оғоз карда, ба таҳқиқи қазия мепардозад. Тафтишот бо анҷоми баррасии парвандаи се нафар Назаршо Ҳақназаров – раис, Фазлиддин Ақлиддинов – муъовин ва Таваралӣ Кассиров – корманди ин ширкат онҳоро бо ҳафт банди қонуни кайфарӣ, аз ҷумла бо иттиҳоми қаллобӣ, сохтакорӣ дар таҳияи аснод ва фаъолияти ғайриқонунӣ, айбдор карда ва ҷиҳати муҳокима ва таъйини ҷазо ба додгоҳ ирсол мекунад.

Муҳокимаи парвандаи мазкур таҳти раёсати Зубайдулло Маҳмудов, додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, идома дорад. Аммо додрас ба далели ба анҷом нарасидани муҳокима аз ибрози назар дар ин замина худдорӣ кард. Вале дар сурати тасдиқи иттиҳомот тибқи Қонуни ҷазои Тоҷикистон барои ин навъи гуноҳ аз 8 то 12 сол маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол бархе аз даъвогарон аз муттаҳамон танҳо пардохти маболиғи худро карданд, аммо бархеи дигар бар изофаи рӯёнидани маболиғ андешидани ҷазо дар доираи қонунро аз додрас тақозо кардаанд. Масъулони ширкати «Холид Музаффар» дар моҳи феврали соли равон тавассути ходимони интизомӣ боздошт шуда ва ҳоло таҳти пурсиши додгоҳ қарор доранд.

Зимнан масъулияти гуселу қабули зойирони хонаи Худо аз Тоҷикистонро аз соли 2005 бад-ин сӯ танҳо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи дини назди ҳукумат ва дар ҳоли ҳозир вазорати фарҳанги ин кишвар, ки ин кумита дар пайи ислоҳоти сохторӣ дар таркиби он қарор гирифт, ба ӯҳда дорад.

Ва аммо ин барои бори аввал нест, ки шаҳрвандони кишвар аз фиреби масъулони маросими ҳаҷҷ шикоят карда бошанд. Дар соли 2005 низ додситонии кулли Тоҷикистон дар заминаи иддаои чанде аз шаҳрвандон алайҳи Кумитаи дин таҳқиқот оғоз карда буд, аммо ба далоили номаълум аз натоиҷи он хабаре мунташир нагардидааст.

XS
SM
MD
LG