Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса фурудгоҳи Душанберо бозсозӣ мекунад


Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва сафири Фаронса дар Душанбе Оливер Мэтлэнд Пелен ҳини имзои созишнома
Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва сафири Фаронса дар Душанбе Оливер Мэтлэнд Пелен ҳини имзои созишнома

Фаронса тасмим гирифтааст, дар муддати ду сол дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе як терминоли байнулмилалӣ бунёд кунад.

Сафарали Начмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон ва Оливер Мэтлэнд Пелен, сафири Фаронса, созишнома дар бораи сармоягузории тарҳи терминоли байнулмилалиро дар Душанбе имзо карданд.

Оқои Наҷмиддинов мегӯяд, бар асоси ин санад ҷониби Фаронса барои эҳдоси терминоли байнулмилалӣ қарзи дарозмуддатеро дар ҳаҷми 17 миллион евро тахсис дода, умури сохтмони ин терминолро низ бар зима гирифтааст. Ба қавли вай, маблағи умумии ин тарҳ 24 миллион евро буда, саҳми Тоҷикистон дар он 7 миллион евроро ташкил медиҳад.

Оқои Наҷмиддинов, меафзояд, пуле, ки Фаронса барои бунёди терминоли ҷадид дар Душанбе ихтисос додааст, қарзест, ки меъёри дарсадии он кам аст ва барои Тоҷикистон манфиатовар мебошад: «Шароити пешниҳоди қарз чунин аст, Фаронса ба муддати 35 сол 17 милион евро қарз медиҳад, ки аз он 20 солаш муддати имтиёзнок аст ва меъёри фоизии ин қарз солона 0,15 дарсадро дар ташкил медиҳад. Чунин шуморед, ки ин қарзддиҳии манфиатовартарин мебошад».

Бар асоси ин санад Фаронса як терминоли дуошёна дар қисмати ғарбии фурудгоҳи Душанбе, дар маҳалли терминоли феълии парвозҳои дохилӣ эҳдос хоҳад кард. Аз ин сабаб терминоли феълӣ барои парвозҳои дохилӣ тахриб мешавад ва он гоҳ мусофирон аз сохтмони ҷадиде дар канори шарқи фурудгоҳ ҳамчун терминол истифода мекунанд.

Оливер Мэтлэнд Пелен, сафири Фаронса, мегӯяд, тарҳи терминоли ҷадид аз ҷониби меъморони фаронсавӣ таҳия шудааст. Вай меафзояд, бинои ин терминол муосир ва мувофиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ хоҳад буд ва дар як соат барои 500 мусофир хидмат мерасонад:

«Мо ҳамчунин фурудгоҳи нави Душанберо бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин мекунем, то ки хадамоти он бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ фаъолият кунад. Ин бисёр муҳим аст, зеро он фурудгоҳи Душанберо бо фурудгоҳҳои кишварҳои Ғарбу Осиё ва Африқо пайванд месозад».

Оқои Мэтлэнд Пелен меафзояд, сохтмони терминоли ҷадидро ширкатҳои фаронсавии «Sofema group» ва «Alpha airport» анҷом медиҳанд. Ба қавли вай, алъон ҳудуди 150 корманди ин ширкатҳо вориди Тоҷикистон шудаанд.

Ба қавли ӯ, то ин замон ин ду ширкат барои бозсозии бонди парвоз ва майдони фурудгоҳи Душанбе дар ҳаҷми 9 миллион евро умури сохмониро анҷом додаанд ва ин кишвар то як соли дигар барои ин бахши фурудгоҳ боз 13 милион евро ихтисос хоҳад дод.

Дар маҷмӯъ, Фаронса барои бозсозии фурудгоҳи давлатии Душанбе 49 миллион евро кӯмак мекунад.

Тавофуқ дар бораи бозсозии фурудгоҳи шаҳри Душанбе дар авохири соли 2006 миёни Фаронса ва Тоҷикистон ҳосил шуда буд. Ҷониби Фаронса бунёди терминоли байнулмилалиро дар Душанбе посух ба иҷозати давлати Точикистон барои истифодаи фурудгоҳ барои низомиёни фаронсавӣ» арзёбӣ карда буд.

Зеро сар аз соли 2001 як гурӯҳи низомиёни Фаронсаро ҷиҳати мусоидат дар амалиёти зидди терроризм дар Афғонистон фурудгоҳи Душанбе мустақар мебошанд. Тоҷикистон истифодаи фурудгоҳи Душанберо барои низомиёни Фаронса ройгон кардааст.

Фурудгоҳи феълии Душанбе соли 1964 сохта шудааст ва, ба қавли коршиносон, барои анҷоми парвозхои байнулмилалӣ мувофиқ набудааст.

XS
SM
MD
LG