Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 миллион доллар - барои поксозии Душанбе


Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд барои поксозии шаҳри Душанбе аз партобҳои маишӣ беш аз 10 миллион долларро дар ихтиёри шаҳрдорӣ қарор додааст.

Аз 10 миллиону 100 ҳазор доллар қарзе, ки ин бонк ба шаҳрдории Душанбе барои партобҳо додааст, 4 миллиони он кӯмаки ройгони ҳукумати Ҳоланд ва 1 миллиони дигар кӯмаки ҳукумати Шветсия аст. Дар маҷмӯъ ин ду кишвар 5 миллион доллар ба ҳукумати шаҳри Душанбе кӯмаки ройгон кардаанд, то мақомот ин шаҳрро аз олудагиҳо пок созанд. Ба гуфтаи Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе, ин пул барои харидани таҷҳизоти фаннии маишӣ ва мошинҳои мусорбар масраф хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки пойтахт на танҳо аз партову мусорҳо олуда аст, балки ба ҷуз хиёбони марказӣ боқӣ тамоми минтақаҳои шаҳр дар партобҳо ва мусор ғутидааст ва моҳҳо ин мусор ба Теппаи Самарқандӣ, 10-километрии шаҳр, ки ба макони партобҳо табдил шудааст, интиқол дода намешавад. Бахусус маҳаллаҳои Зарафшон, Испечак, микрорайонҳои 82-юм, 101-ум, 102-юм партобгоҳҳоро мемонанд. Дар фасли гармо сокинони ин маҳаллаҳо аз бӯйи бади партобҳо ба дод меоянд. Маркази хизматрасонии комуналӣ, ё маишӣ дар ин маҳаллаҳо ба ин суол, ки чаро партобҳоро намебардоранд, як посух доранд, ки «мошин надорем». Пас суоле матраҳ аст, ки ин идораҳои хизмати маишӣ дар ҳоле, ки ба мардум хизмати комуналӣ ё маишӣ намерасонанд, пас танҳо барои ҷамъоварии пул аз мардум лозиманд?

Қироншоҳи Шарифзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар ин ноҳияи пойтахт ба сар мебарад, дар ин бора мегӯяд, «дар маҳаллаи Зарафшон дар тӯли 3-4 ҳафта партобҳоро аз биноҳои 9-ошёна бо пули аз сокинони ин биноҳо ҷамъкарда мебаранд. Аз ҳар хонаводаи маскун дар бино аз 2 то 5 сомонӣ ҷамъ мекунанд, ки ба қавли кормандони идораи хизмати комуналӣ ё маишӣ, барои кирои мошини мусорбар масраф мекунанд».

Абдуқуддус Музаффаров аз шаҳрдории пойтахт мегӯяд, ки партобҳо дар ин маҳаллаҳо дар биноҳои 5-9-ошёна тайи чанд рӯзи охир қариб ҳар рӯз, ё рӯз дар миён гирифта мешавад. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир раиси шаҳр ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад, ва мақомоти ноҳияиҳои шаҳр барои ин корашон мӯҷозот мешаванд.

XS
SM
MD
LG