Пайвандҳои дастрасӣ

Дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои СҲШ дар Душанбе тасдиқ шуд, ки ҳамоиши раисони ҷумҳури кишварҳои созмон 28 август баргузор хоҳад гардид.

Дар нишасти имрӯза, ки дар маҳаллаи Пуғус – 57 километрии шаҳри Душанбе баргузор шуд, вазирони хориҷаи Чин, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат намуданд. Ҷониби Узбакистон ва Қазоқистонро дар ин ҳамоиш муъовинони вузарои хориҷа намояндагӣ карданд.

Ҷонибҳо асноди саммити сарони кившарҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро, ки 28-уми моҳи августи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, таҳия намуданд.


Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Шонгҳой ҳамчунин як қатор санадҳои бисёрҷонибаи ҳамкориро баррасӣ карданд. Яке аз ин санадҳо мавсум ба Баёнияи Душанбе мебошад, ки мавқеъи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамкории кишварҳои узви созмон барои таъмини амнияту субот дар минтақа ва рушди равобити иқтисодиро дар бар мегирад.

Зуҳри имрӯз дар назар аст вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Шонгҳой бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кунанд.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG