Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон бо шумори олимону пажуҳишгаронаш дар паҳнои кишварҳои собиқ шӯравӣ дар зинаи охирин қарор доштааст.

Тибқи иттилоъи фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ҳатто дар бархе аз соҳот дар Тоҷикистон то ҳол ягон олиме нест, ки кори илмӣ анҷом дода бошад. Ва аммо бархе аз соҳибназаронро аксаран канораҷӯии ҷавонон аз корҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ нигарон кардааст. Онҳо бар ин назаранд, ки хатмкунандагони макотиби олии Тоҷикистон тайи солҳои ахир ба илм ва таҳқиқу омӯзиш илмӣ хеле кам таваҷҷӯҳ мекунанд ва дар сар ҳавои гирифтани унвони илмӣ ҳам надоранд.

Ғиёсиддин Ривоҷов, академики илмҳои тибб, мегӯяд, имрӯз тафаккури ҷавонон дар қиёс ба ҷавонони шӯравӣ то андозае тағйир хурдааст ва дар миёни ин насл соҳиб шудан ба унвони илмӣ чандон нуфӯзу эътиборе низ надорад.

Аксарият омили иқтисодӣ ва шароити бади молиро дар соҳоти илм боис ба канораҷӯии ҷавонон аз он медонанд. Ва Маҳмадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ҳам мегӯяд, камбуди дастмузди олимону донишмандон боис ба камтаваҷҷӯҳии ҷавонон ба корҳои илмӣ мегардад.

Маҳмадшо Илолов афзуд, олим имрӯз он маоше, ки барои пешбурди зиндагӣ ва кори илмиаш зарур аст, мутаасифона надорад. Ва дар баробари он, ки моро ҳукумат дастгирӣ мекунад, мо худ низ бояд имконияти даромади маблағро дошта бошем, вале, мутаасифона, ҳолати имрӯзаи кишвар ба ин имкон намедиҳад.

Бархе аз ҷавонони таҳсилкарда ҳам мегӯянд, бо монеъаву маҳдудиятҳои зиёд дар самти дастёбӣ ба унвонҳои илмӣ ва пажӯҳиш онҳо дилсард гаштаву омӯзиши танҳо як ихтисос ва фаъолият бурдан аз рӯи онро беҳтар медонанд.

Имруз шӯрои олимони ҷавони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон 350 аъзои ҷавони аз 22 то 35-сола доштааст, ки аз ин миён танҳо 15 нафар номзади илмии худро ҳимоя намуда ва ба унвони олимӣ соҳиб гаштаанд.

Назруллоҳи Муҳаммадюсуф, раҳбари шӯрои олимони ҷавони Фарҳангистони улум, мегӯяд, ба фарқ аз чанд соли ахир баръакс таваҷҷӯҳи ҷавонон ба корҳои пажӯҳишиву илмӣ бештар мешавад ва аммо, ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби ин олимону донишмандони ҷавон ҳанӯз ихтироъ ё кашфиёти назаррасе мушоҳида нашудааст. Чун, ба қавли ӯ, дар аксари маврид онҳо шароити хуби дар амал татбиқ намудани корҳои илмиашонро надоранд.

Дар ҳамин ҳол Қурбонҷон Кабудов, номзади улуми техникӣ, мегӯяд, дар соҳоти илми дақиқ ҷавонони бодонишу болаёқат кам нестанд, вале ин илм имрӯз аз камбуди мутахассису донишмандон сахт танқисӣ мекашад. Чун аз як сӯ теъдоди хеле ками ҷавонон омӯзиши ин илмро интихоб мекунанд ва онҳое ҳам, ки риштаи илмҳои дақиқро меомӯзанд, ғолибан тарки ихтисоси худ мекунанд.

Барои ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ ба андешаи Ғиёсиддин Ривоҷов, олими риштаи тиб, имрӯз бояд шумори шӯрову ҷамъиятҳои илмиро ба мисли даврони шӯравӣ зиёд ва кор дар байни ҷавононро муассир кард. Ва аммо бо ин ҳама Рӯҳафзо, як донишҷӯдухтар, мегӯяд, орзӯи дастёбӣ ба унвонҳои илмӣ ва навоварие дар соҳаи улумро дорад ва барои ин талош хоҳад кард. Ва аммо коршиносон ҳамоно талошҳои донишмадони ҷавони тоҷикро дар баробари пешрафти илму техника дар ҷаҳон хеле ночиз арзёбӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG