Пайвандҳои дастрасӣ

Салафия, ки дар Тоҷикистон солҳои ахир фаъолияти оромона мебурд ва пайравони зиёд ҳам надошт, аммо акнун тавсеъа ёфта, мояи нигаронии ниҳодҳои динӣ ва расмӣ шудааст.

Чун ин боиси бурузи ҳолатҳои низоъ миёни мазҳабҳо, ба вижа тарафдорони ин равия бо пайравони мазҳаби Ҳанафия шудааст. Ва имрӯзҳо мавзӯъи фирқаи Салафия ба мавзӯҳои аслии баҳс миёни ҷавонон ва нашрияҳо дар кишвар табдил ёфтааст. Аз ҷумла ҳафтае қабл бархе аз нашрияҳои кишвар ҳатто аз ҳодисаи муштзанӣ миёни пайравони мазҳаби Ҳанафия ва ҷараёни Салафия хабар дода буданд.

Саидбек Маҳмадуллоев, мудири шӯъбаи иттилооти Сарраёсат оид ба корҳои динӣ, мегӯяд, ҳарчанд фаъолияти пайравони равияи Салафия тибқи қавонини Тоҷикистон манъ нашудааст, вале наҳваи адои намоз ихтилофи назарҳо миёни пайрвони Ҳанафия ва Салафияро ба миён овардааст.

Аммо дар ҳамин ҳол Домулло Муҳаммадӣ, ки раҳбари салафиёни Тоҷикистон эътироф мешавад, амали пайравони ҷараёни Салафияро ба ҳақиқати ислом наздиктар медонад. Гузашта аз ин, Домулло Муҳаммадӣ мегӯяд, пайравони ин фирқа наметавонад боиси эҷоди ихтилофу тафриқа дар ҷомеъаи Тоҷикистон шаванд.

Домулло Муҳаммадӣ, ки раҳбари салафиёни Тоҷикистон эътироф шудааст, мегӯяд, Салафия боиси тафриқа дар ҷомеъаи кишвар намешавад

Таҳлилгарон мегӯянд, аксарияти пайравони ин равияро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки тоза ба намоз пардохтаан ва ё дар кишварҳои назири Арабистону Покистон таълим гирифтаанд. Аз сӯи дигар, мегӯянд онҳо, аксарияти тарафдорони ин равия дар Русия машғули коранд ва пас аз бозгашт ба ватан метавонанд боиси афзоиши теъдоди салафиҳо бишаванд.

Таҳлилгарон аз ҷумла мегӯянд, маърифати пасти динии ҷавонони тоҷик боиси гароиши онҳо ба фирқаҳои ғайримаъмули мазҳабӣ мегардад.

Гуфта мешавад, ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон дар баробари ҷараёни Салафия ҳамчунин равияҳои исломие, чун Ҳизбуттаҳрир, Ваҳҳобия ва Байъат, ба таври ғайрирасмӣ фаъолият мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG