Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷакент: Манбаъи нави гази биологӣ


Эсаналӣ Ашуралиев, сокини деҳаи Чинори ноҳияи Панҷакент, бо истифода аз поруи чорво гази биологиро чун маводи сухт тавлид ва мавриди истифода қарор додааст.

Эсаналӣ, ки худ муҳандиси соҳаи алоқа мебошад, зимни сӯҳбат бо радио Озодӣ гуфт, набуди газу барқ ва гарон будани қимати маводи сухт ба ҳангоми фасли тирамоҳу зимистон ӯро водор намудааст, ки ба ихтироъи дастгоҳи маводи сухти аз лиҳози экологӣ покиза машғул шавад.

Оқои Эсаналӣ афзуд, дастгоҳе, ки ӯ ихтироъ намудааст, аз лиҳози фаннӣ чандон мураккаб нест ва иборат аз як зарфи пулодӣ буда, ба андозаи се тонна ғунҷоиш дорад. Ба ҳангоми андохтани як тонна пору ба дохили он мешавад, аз ин миқдор поруи чорво ба муддати шаш моҳ гази биологӣ тавлид намуд ва онро ҳамчун манбаъи маводи сухт ва гармӣ истифода бурд.

Ба гуфтаи Эҳсаналӣ, газе, ки истеҳсол мешавад, умуман бӯй надорад ва ба табиат таъсире намерасонад. Поруе, ки газаш ба пуррагӣ хориҷ мешавад, гуфт ӯ, метавон ҳамчун нурии минералӣ дар замини кишт истифода намуд. Барои бунёди куллияи ин дастгоҳ ҷаноби Ашуралиев ҳудуди ҳазор доллар масраф намудааст ва ба гуфтаи ӯ ин маблағ нисбати маблағи пардохти ҳармоҳаи гази табиӣ хеле арзон буда, сифати сухти газ низ хеле баланд мебошад.

Садбарг Субҳонова, завҷаи Эҳсаналӣ аз он изҳори хурсандӣ намуд, ки шавҳараш бо ихтироъи хеш онҳоро аз мушкилоти бегазӣ ва дарёфти ангишту ҳезум вораҳонидааст. Вай афзуд, ба вижа дар фасли сармо барои занони деҳот, ки барқу газ нест ва ҳезуму ангишт камёб аст, омода намудани чою таъом хеле мушкил мебошад. Ва ҳоло, гуфт ӯ, ин мушкили онҳо бо истифода аз гази биологии худӣ рафъ шудааст.

Аҳадқул Усмонов, раиси ҷамоъати Чинор, ихтироъи сокини ҷамоъат Эсаналӣ Ашуралиевро як кашфиёти хуб ва муфид шуморида гуфт, истеҳсоли гази биологӣ на танҳо барои ин хонавода, балки минбаъда барои сокинони дигари маҳалла низ манфиати зиёде хоҳад овард. Зеро, гуфт ӯ, ин ихтироъкори ҷавон ният дорад, ки иқтидори тавлиди гази биологиро афзоиш дода, мардуми деҳаро бо ин гази арзон таъмин намояд.

Эсаналӣ Ашуралиев мегӯяд, қасд дорад иқтидори дастгоҳи тавлиди гази биологиро афзоиш дода, то даҳ хонаводаи ҳамсояҳояшро бо гази доимӣ таъмин ва аз ин ҳисоб як гармхона ва як дастгоҳи барқдиҳандаи газиро то фасли зимистон бунёд ва мавриди истифода қарор диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG