Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори донишҷӯён кам хоҳад шуд


Дар мактабҳои олии Тоҷикистон имсол назар ба солҳои гузашта 30 дарсад камтар донишҷӯ қабул хоҳад шуд.

Тибқи иттилоъи вазорати маорифи Тоҷикистон, имсол барои қабули донишҷӯён ба макотиби олии кишвар ҳудуди 25 ҳазор ҷой муайян гардидааст, дар ҳоле, ки соле қабл шумори онҳо 32 ҳазор нафарро ташкил медод ва дар солҳои гузашта аслан афзоиши шумори донишҷӯён мушоҳида мешуд.

Фатҳиддин Исомонов, як масъулини вазорати маорифи кишвар, мегӯяд, имсол шумори қабули довталабон ба гурӯҳҳои ғоибонаи таҳсил хеле кам шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар 3 соли оянда теъдоди қабули донишҷӯён ба гурӯҳҳои ғоибона ба андозаи 50 дарсад коҳиш дода мешавад. Аз оқои Исмонов сабаби ин тағйиротро пурсидам ва ӯ гуфт:

«Солҳои охир мо аз шумора ба сифат мегузарем. Чун донишгоҳҳоро ба меъёрҳои зарурӣ мувофиқ кардан лозим аст, яъне, барои мисол, ба як донишҷӯ 8 метри квадрат масоҳати таълимӣ ё ҷои нишаст муайян шудааст ва, азбаски ҳамасола донишгоҳҳо шумори донишҷуёнро зиёд мекарданд, ресурсҳо ба охир расида ва аз ҷумла ҷои нишаст ҳам нокофист»

Дар маҷмуъ барои қабули донишҷӯён имсол дар гурӯҳҳои шартномавӣ ҳудуди 14 ҳазор ва ба гурӯҳи буҷавӣ 9 ҳазор ҷой пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин тағироти дигаре ҳам, ки ҳамасола дар ин мавсим мушоҳида мешавад ва мавриди нигаронии довталабон гаштааст, ин боз ҳам боло рафтани маблағи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ аст. Бо вуҷуди он, ки дар соли таҳсили 2006-2007 вазорати маориф бо тасвиби як қарор маблағи ниҳоии таҳсилро дар ин гурӯҳҳо то ҳадди аксари 900 доллар муайян карда буд, имсол вобаста ба ихтисосҳои бонуфӯз ва серталабот нархи солонаи таҳсил барои мисол дар гурӯҳҳои шартномавии Донишгоҳи миллии Тоҷикситон аз 350 то 1200 долларро ташкил медиҳад. Аммо барои шаҳрвандони хориҷаи наздику дур, ки бар асоси шартномаҳои инфиродӣ таҳсил мекунанд, маблағи таҳсил аз 2 то 2,5 ҳазор доллар муқаррар шудааст. Вале бо ин вуҷуд чунин мушоҳида мешавад, ки аксари довталабон барои таҳсил гурӯҳи шартномавиро интихоб мекунанд, чун ба қавли онҳо, бо ин навъи таҳсил онҳо шонси бештари дохилшавиро доранд.

Толори комиссиюни қабули ҳуҷҷатҳои Донишгоҳи миллӣ ин шабу рӯз пур аз довталаб аст. Бонуфӯзтарин ихтисосҳо ҳоло муайян нагардидаанд, аммо аз дидани шумори зиёди довталабон дар назди комиссиюни қабули факултаи ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодиву журналистика метавон гуфт, ки довталабони гирифтани ин ихтисосҳо имсол низ зиёд аст.

Мусоҳибам Нозим, ки ӯ низ ҳуқуқшинос шудан мехоҳад, ба дониши худ бовар, вале аз масъулин як хоҳиш дорад: «Танҳо як хоҳиш дорам, ки қабул танҳо аз рӯи дониш бошад».

Ба ҳамин тартиб мавсими нави ҳуҷҷатсупорӣ ба донишгоҳҳои олӣ аз таърихи 20-уми июн дар тамоми донишгоҳҳои кившар шурӯъ шуд ва то ба 20-уми июл идома хоҳад ёфт. Баъдан довталабонро имтиҳони қабул интизор аст. Вале ба гуфти масъулини вазорати маориф, то анҷоми мавсими қабули ҳуҷҷатҳо шояд дар самти қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳо тағйироту иловаҳои дигар низ ворид шавад.

XS
SM
MD
LG