Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти беҳдошти вилояти Хатлон аз афзоиши шумори осебдидагон аз ҳамлаи сагҳои дайду ва ё кўчагард изҳори нигаронӣ кардаанд.

Мақомоти беҳдоштӣ ва вогиршиносии вилоят аз сокинони ҷануби кишвар даъват намудаанд, ба амнияти худ ва хонаводаҳои худ таваҷҷўҳи бештар зоҳир кунанд.

Танҳо дар шаш моҳи аввали соли равон беш аз дуюним ҳазор сокини вилояти Хатлон аз ҳамлаҳои сагҳои хиёбонӣ захмҳои гуногуни ҷисмонӣ дида, як нафар бинобар бемории ҳорӣ фавтидааст, аммо ҳеҷ мақоми расмӣ дар ин иртибот масъулият ба дўш нагирифта ва масрафоти шаҳрвандони осебдидаро ҷуброн накардааст.

Ҳаким Худойбердиев, сарпизишки маркази вогиршиносии вилояти Хатлон, мегўяд, дар қиёс бо соли сипаришуда имсол 180 мавриди ҳамлаи сагҳои хиёбонӣ ба шаҳрвандон бештар ба қайд гирифта шудааст. Оқои Худойбердиев афзуд:

«Мебояд назоратро аз болои сагҳои оворагарду бесоҳиб пурзӯр кард, ба ин корхонаҳои манзилию коммуналии ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят масъуланд. Сагҳои овораро боздошт кунанд, худи шаҳрвандон дар натиҷа ба сагу ҳайвоноти хонагиашон назорат мекунанд, то ба дасти мақомот наафтанд. Ва худи шаҳрвандон ҳам бояд ҳайвоноти хонагиашонро мунтазам дар хадамоти байторӣ ташхис кунанд. Сагҳо бояд шиноснома дошта бошанд. Танҳо ба ҳамин восита мизони афзояндаи ҳамлаҳои сагҳо ба одамонро мешавад коҳиш дод».

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммади Зайниддин, як сокини шаҳри Қўрғонтеппа, ки аз ҳамлаи сагҳои хиёбонӣ захмӣ шуда, маблағи зиёде барои муолиҷа масраф кардааст, мегўяд, дар аксари маворид сокинони навоҳии атрофи Кўрғонтеппа амнияти беҳдоштиро дар маркази маъмурии вилоят халалдор месозанд:

«Аксаран сокинони ноҳияҳои атроф сагҳои пир ва касали худро шому шабонгаҳ даруни халтаҳо андохта, ба шаҳр ворид мекунанду дар мавзеъҳои ахлотпарто сар медиҳанд. Ин сагҳо дар ин ҷо беназорат мемонанд, ҳорӣ мешаванд ва бештар сироят ёфта, ба мардум ҳамла мекунанд. Аллакай се рӯбандаи хиёбонҳои шаҳрро сагҳои ҳорӣ ҳамла карданд, худам ҳам шоҳид будам. Масъулини шаҳрдорӣ ба ин проблема ба ҷиддият муносибат намекунанд, дар натиҷа шаҳрвандони одӣ зарар мебинанд, аммо касе масъулият эҳсос намекунад…».

Ва аммо корхонаи фаръии «Хоҷагии коммуналӣ»-и Қўрғонтеппа, ниҳоди бевосита масъули шаҳрдорӣ оид ба маҳви сагҳои ҳорӣ ва бесоҳиби хиёбонӣ, мегўяд, бинобар набуди захираҳои молӣ ва фанноварии лозим, ин корхона барои рафъи мушкили мавҷуда оҷиз аст. Абдувалӣ Эргашев, корманди корхонаи мазкур, гуфт, дар соли ҷорӣ бо фармоиши ҳукумати маҳаллӣ танҳо ҳудудан 25 саги дайду ва касалманд нобуд карда шудааст:

«Шаҳрвандони осебдида ба ҳукумати шаҳр муроҷиат мекунанд, аз ҳукумат ба мо фармоиш медиҳанд, ки дар фалон ҷо саги ҳорӣ ҳасту онро мебояд кушт. Мо меравем, мебинем, ки саги касал аст, онро мепарронем ва дар мавзеъҳои муайян онро мегўронем. Охирон маъракаи маҳви сагҳои дайду дар ду моҳи пеш гузашта буд, ки баякбор 15 сагро ҳадафи тир қарор додем».

Коршиносон мегўянд, бар асоси қавоиди шаҳрдорӣ, мебояд ҳар як муассисаи давлатии хидмати маишӣ дорои гурўҳҳои корӣ оид ба шикор ва маҳви сагҳои дайду ва мубталои ҳорӣ буда, ба тамоми ҳайвоноти хонагӣ шиносномаҳои махсус дода шавад. Аммо ҳамоно сагҳои ҳорӣ ва бесоҳиб дар кўчаю хиёбонҳои шаҳру навоҳии ҷануби Тоҷикистон озод гаштугузор карда, барои боздошт ва муолиҷаю безарар намудани онҳо ниҳоде масъулият намегирад.

XS
SM
MD
LG