Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуҷанд: Маҳбуси фирорӣ дастгир шуд


Додситонии Суғд гуфт, фирории маҳбаси Хуҷанд Бахтиёр Баротов дар маркази вилоят рӯзи душанбе аз сӯи мақомоти интизомӣ дастгир шуд.

Вай як ҳафта инҷониб таҳти пайгарди пулис қарор дошт. Хайрулло Саидов, додситони Суғд, гуфт, нисбати ҳодисаи фирори маҳбусон аз зиндон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтиши аввалияи онро як гурӯҳ фаврии кормандони додситонӣ пеш мебаранд. Вай афзуд, гурӯҳи тафтишотӣ ба таҳқиқи сабаб ва тарзи аз маҳбаси низомаш сахти Хуҷанд фирор кардани маҳбусон ва оё даст доштани кормандони маҳбас дар ин кор машғул аст.

Додситони Суғд овозаҳо дар бораи ин, ки маҳбуси фирорӣ бо худ норинҷак дошт, рад ё тасдиқ накард ва гуфт, ҳақиқати ин ҳолат зимни тафтишот муайян карда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки нимашаби 1–уми июл ду маҳбуси зиндони Хуҷанд, аз ҷумла Баширов Расим, шаҳрванди Русия, ки дар соли 2006 аз ҷониби додгоҳи Суғд дар як гурӯҳи шашнафара бо гуноҳи фаъолият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон (ҲИУ) ба 19 соли ҳабс маҳкум гашта буд, ва Бахтиёр Баротов, сокини Хуҷанд, ки бо ҷурми одамкушӣ ба 20 соли ҳабс фиристода шуда буд, кӯшиши фирор аз маҳбас карданд.

Фирории аввалӣ аз тири нигаҳбони зиндон кушта шуда, аммо ба дуввумӣ фирор муяссар шуда буд. Ин нафар таҳти ҷустуҷӯи кормандони интизомиву амниятӣ қарор дошт.

XS
SM
MD
LG