Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро тоҷикон ба муҳоҷирати корӣ рӯ меоранд?


«Садои ҳамватан» аз матолиби зайл иборат аст:

Чаро Русия сабти номи муҳоҷирони кориро дар меҳмонхонаҳои худ иҷоза медиҳад?
Гуфтугӯ бо Муқим Майбалиев, раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Твери Руссия (бахши аввал).
Сабабҳои афзоиши муҳоҷирати корӣ аз водии Вахши Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ.
Тақсими нодурусти замин дар Панҷакент, ки боъиси афзоиши муҳоҷирати корӣ шудааст.
Тоҷикони Қазоқистон то чи андоза ба забон ва суннатҳои миллии худ вафодор мондаанд?
Хадамоти федеролии муҳоҷирати Руссия ахиран иҷоза додааст, ки муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ дар меҳмонхонаҳои ин кишвар сабти ном шаванд. Ҳадаф аз чунин иқдом танзими раванди муҳоҷират ва ҷалби шумораи ҳарчи бештари муҳоҷирони кории хориҷист. Аммо дар сурати сабти ном дар меҳмонхона муҳоҷир ҳаққи кор надорад. Ҳатто, бо назардошти ин масъала, коршиносон дар суҳбат бо ҳамкори мо Муҳаммадраҳими Сайдар дар Маскав гуфтаанд, ки чунин тадбир қадами муҳимме дар роҳи ҳалли мушкили дигари муҳоҷирони кории тоҷик аст.
Ҷамъияти фарҳангии тоҷикони вилояти Твери Русия аз ҷамъиятҳои шинохташудаи тоҷикон дар қаламрави ин кишвар маҳсуб мешавад. Ин ҷамъият маҷаллаи вижаи худро ба забони русӣ бо номи "Мир в Верхневолже"-ро ба табъ мерасонад. Раёсати ин ҷамъиятро яке аз тоҷирони тоҷик Муқим Майбалиев бар уҳда дорад. Барномаи "Садои Ҳамватан" дар бораи фаъъолиятҳои ин ҷамъият бо оқои Майбалиев мусоҳибае анҷом дод, ки бахши аввали он дар ин шумора пахш шудааст.
Бахши дувуми мусоҳиба дар шумораи ояндаи ин барнома пахш хоҳад шуд.
Водии Вахш дар давоми чанд даҳсолаи гузашта аз манотиқе ба шумор мерафт, ки аз ноҳияҳои дигари Тоҷикистон, ба вижа аз ноҳияҳои куҳистонӣ, мардум дар ҷустуҷӯи кор ба онҷо меомаданд ва бо заҳмати худ дар бахшҳои кишоварзӣ ризқу рӯзии худро пайдо мекарданд. Вале солҳои ахир ҳатто заминҳои ҳосилхези ин водӣ наметавонад аҳолиро бо кор таъмин кунад. Носирҷони Маъмурзода, хабарнигори родиюи «Озодӣ» дар шаҳри Қурғонтеппа, мегӯяд, ки чунин ҳолат сол то сол боъиси афзоиши шумораи муҳоҷирони корӣ аз ин водӣ ба кишварҳои хориҷӣ шудааст.
Дар ноҳияи Панҷакент низ баъзе деҳқонон шикоят кардаанд, ки тақсими нодурусти заминҳои кишт аъзои хонаводаи онҳоро водор ба муҳоҷирати корӣ кардааст. Ба гуфтаи онҳо, заминҳое, ки онҳо умре дар он кор кардаанд, ба фурӯш гузошта шудаанд ва ин заминҳоро сармоядорон харидорӣ кардаанд. Дар ин бора Шоҳини Равшан аз Панҷакент гузорише таҳия кардааст, ки пешкаши шумо мегардад.
То фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ шумораи зиёди тоҷикон дар қаламрави имрӯзаи Қазоқистон ба сар мебурданд. Ба онҳо аз Тоҷикистон китоб ва соири ашёи таълимии тоҷикӣ фиристода мешуд, то ҳуқуқи онҳо барои таҳсил ба забони модарӣ поймол нашавад. Имрӯз низ ин тоҷикон аз чунин ҳуқуқ бархӯрдоранд ва мехоҳанд таҳсилро дар мактабҳои тоҷикии худ давом диҳанд, вале солҳои ахир имкони дастрасии онҳо ба ашёи таълимӣ ба забони тоҷикӣ маҳдуд шудааст. Ҳамкори мо дар Қазоқистон Насибҷони Амонӣ баъд аз суҳбат бо раиси тоҷикони муқими Қазоқистони ҷанубӣ дар ин бора гузорише фиристододааст, ки шуниданист.
Ёдовар мешавам, ки ин барнома ҳар ҳафта шоми шанбеву якшанбе соъати 20-у 30 дақиқа ва субҳи якшанбеву душанбе соъати 8-у 30 дақиқа ба вақти Душанбе пахш мешавад.
Фикру андешаҳои худро ба мо бинвисед. Нишонии мо чунин аст: www.ozodi.org
XS
SM
MD
LG