Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба кӯдакони Рашт дарси наҷотёбӣ медиҳанд


Бунёди атфоли СММ ва вазорати тандурустии Тоҷикистон нахустин бор барои атфоли водии Рашт машқҳои омӯзишӣ барои ҳолатҳои фавқулъодда доир карданд.

Дар ин ҳамоиш, ки дар деҳистони Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт баргузор гардид, садҳо кӯдаки то синни ҳаштсола аз рустоҳои гирду атроф ширкат намуданд ва ба онҳо усулҳои наҷотёбӣ ва дастгирии равонӣ ба ҳангоми ҳодисаҳои табиӣ омӯзонида шуд.

Лола Бобоҳоҷиева, масъули Маркази ҷумҳуриявии ҳамбастагии бемориҳои кӯдакони вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки аз дастандаркорони ин маърака буд, ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар бештари вақт ҳини рӯх додани ҳолатҳои фавқулъодда мушоҳида шудааст, ки кӯдакон аксаран дар канор мемонанд, ки ин боиси пайомадҳои нохуби равониву эҳсосӣ барои кӯдакон мешавад.

Дар ҳамин ҳол Хайрулло Ғиёсов, сардухтури беморхонаи марказии Рашт, мегӯяд, феълан дар доираи ин омӯзишҳо бо кӯмаки молии дастандаркорони он дар беморхонаи ноҳия як анбор дорувориву лавозимоти зист барои кӯдакон дар ҳолатҳои фавқулъодда омода карда шудааст. Вай меафзояд, аҳамияти баргузории чунин маъракаҳо дар он аст, ки дар ҳақиқат ҳангоми рух додани ҳодисаҳои табиӣ беш аз ҳама тифлон ба рӯҳафтодагӣ ва тарсу ваҳм рӯ ба рӯ мешаванд, ки расонидани кӯмакҳои равонӣ ба онҳо бо усулҳои пешниҳодшуда хеле зарур аст.

Ҳамзамон Ҷамолиддин Ёров, муъовини сардори Ситоди ҳолатҳои изтирорӣ дар ноҳияи Рашт баргузории ин дарсҳои омӯзишӣ барои кӯдаконро хеле муҳим хонд. Вай бо ёдоварӣ аз заминларзаи шадид, ки як сол қабл дар Рашт рухдод ва дусад хонаро хароб намуда, се тифл кушта барҷой гузошт, гуфт, ки дар он рӯзҳо кӯдакон аз мадди назари калонсолон дур монда буданд.

Дар ҳамин ҳол Лола Бобоҳоҷиева мегӯяд, чунин омӯзишҳо дар навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷалолиддини Румӣ, Бохтар, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе аллакай доир шудаанд ва дар оянда баргузории ин омӯзишҳо дар дигар манотиқи кишвар низ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG