Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳои Хоруғ барои сафари раисҷумҳур


Маросими кушоиши майдони навсохташудаи варзишии шаҳри Хоруғ бо намоиши театрӣ 19-уми июл дар ҳузури президенти кишвар баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи муъовини аввали раиси вилояти Бадахшон Иброҳимбек Ғозибеков дар ин намоиш наздики 2100 нафар мактаббачагону донишҷӯён ва санъаткорони минтақа ширкат хоҳанд варзид. Вай афзуд, тибқи лоиҳа сохтимонӣ, варзишгоҳ бояд моҳи ноябр анҷом меёфт, аммо мақомоти вилоятӣ мутмаъинанд, ки дари ин варзишгоҳ рӯзи ташрифи президенти мамлакат ба рӯи мардум боз мегардад.

Дар ҳамин ҳол дар баробари сохтимончиён ҳамарӯза теъдоди зиёди коргарони идораву муассисаҳои давлатӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба иҷрои корҳои сохтимонӣ сафарбар мешаванд. Бархе аз кормандони идораву муассисаҳо изҳори норизоият мекунанд, ки онҳо субҳ дар ҷойи корӣ ҳозир мешаванд. аммо сардорон бидуни огоҳии қаблӣ онҳоро аз сари мизу курсӣ ба варзишгоҳ меронанд.

Маҳмадбой Чақабоев, як коргари сохтимончӣ гуфт, ки ба ақидаи вай истифодаи усули ҳашарчигӣ ба коҳиши сифати сохтмони варзишгоҳ сабаб мешавад. Вай баён дошт, ки ҳашар хуб аст, аммо баъзе аз кормандони идораҳо бо либоси идона ба варзишгоҳ меоянд ва бинобар мавҷуд набудани ҳавасмандии моддӣ бо дили нохоҳам кор мекунанд, ки ин албатта ба сифати сохтимон таъсир бар ҷой хоҳад дошт. Бархе аз коргарон бар ин назар ҳастанд, ки маблағи барои сохтимони варзишгоҳ ҷудо шуда масраф шуда, ҳамакнун масъулин мехоҳанд бо роҳи ҳашарчигӣ онро ҷуброн кунанд.

Аммо муъовини авали раиси вилоят ин иддаъоро рад намуда гуфт, ки барои анҷоми сохтимони варзишгоҳ тибқи лоиҳа 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудаааст, вале дар асл муодили 4 миллион сомонӣ ихтисосос дода мешавад.

Аз сӯи дигар омода намудани намоиши театрикунондашуда идома дошта, ба он коргардон Баҳодур Миралибеков роҳбарӣ мекунад. 500 донишҷӯи донишгоҳи давлатии Хоруғ аз шаҳру навоҳии гирду атроф ба машқҳо ҷалб шудаанд. Ба гуфтаи роҳбари бадеии бахш Лангаршо Соҳибназаров, донишҷуён мавҷи парчами серангаи Тоҷикистонро дар намоиш инъикос хоханд кард. Аммо Замира Насилобекова, як донишҷӯдухтар, гуфт, вай дар ҳар вақти дигар ширкат дар чунин омодагиро бо камоли майл мепазируфт, аммо алҳол ба ҷойи фароғати тобистона раҳпаймоӣ зери офтоби сӯзон барои вай ва ҳамсабақонашон як амри иҷборӣ будааст.

Устоди донишгоҳ Собир Худоёров гуфт, ҳамчунин гурӯҳи донишҷӯёни факултаи таърих, ки бояд дар як маҳал ба ҳайси таҷриба ба ковишҳои ҳирфаӣ машғул мешуданд, тибқи супориши садорати донишгоҳ ба гурӯҳи омодагӣ ба маросим шомил шуданд.

Рӯзноманигори бознишаста Бахтибек Асалбекови бехонамонда мегӯяд, акнун маҷбур хоҳад шуд, ки дар хайма зиндагӣ кунад

Дар ҳамин ҳол имрӯз дар наздикии варзишгоҳ се нафар сокинони шаҳр аз манозилашон берун афканда шуданд. Мақомот мегӯяд, ки бунёди маркази фарҳангии ҷавонон, ки алҳол шурӯъ шудааст, бардошта шудани ин манозилро тақозо дорад. Ҳамчунин дар шафати варзишгоҳ ба як хонавода огоҳнома супурда шудааст, ки манзилашонро бояд холӣ кунад. Аммо Ҷонсултон Абдулҳамидова, омӯзгори яке аз макотиби шаҳр тайи муроҷиъат ба мақомот навиштааст, ки роҳбарон ва сарвари давлат пеш аз берун рондани мардум аз манозилашон бояд фикр кунанд, ки оё шаҳрвандонашон чӣ тавр ба сар хоҳанд бурд.

Журналисти бознишаста Бахтибеки Асалбек баён дошт, ки аз ин ба баъд вай хайма ва ҳавои кушоди назди ҳавлии тахрибшудаашро ба манзили истиқоматиаш табдил медиҳад. Мақомот ваъда додааст, ки дар навбати аввал ашхоси беруншуда аз манзилро бо хона таъмин мекунад, аммо сокинон мекӯянд, ки онҳо бовар надоранд барояшон манзили баробар ба арзиши моликияташон пешниҳод шавад.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки дар ҷараёни сафари президенти кишвар ҳамчунин дар ноҳияи Ишкошим маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 100 гектар замини нави корам баргузор мегардад.

XS
SM
MD
LG