Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шавқат Маҳмадбеков, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ, мегӯяд, ӯ қаблан соатҳои дарозро дар китобхонаи донишгоҳ барои дарёфти адабиёт сарф мекард, аммо на ҳамеша пайдо кардани маводи лозима барояш муяссар мегардид.

Шавқат мегӯяд, ӯ баъзан вақт аз пойтахт шаҳри Душанбе бо нархи гарон китобҳои лозимаашро харидорӣ менамуд. Аммо бо таъсис ёфтани китобхонаи электронӣ дар донишгоҳ мушкилаш осон гардидааст.

Ҳанӯз як сол қабл дар донишгоҳи Хоруғшаҳр 9 нуқтаи шабакаи интернет таъсис дода шуд ва имсол бо ташабусси раёсати ин муассисаи таълимӣ китобхонаи электронӣ роҳандозӣ гардид. Ин китобхона дар ҳоле ифтитоҳ ёфт, ки донишҷӯёни дигар макотиби олии пойтахт то ҳанӯз аз имконияти истифодабарии чунин китобхона бархӯрдор нестанд.

Маҳмадризо Алимшоев, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, мегӯяд, ҳамакнун донишҷӯён ва олимони ҷавони донишгоҳ имкон доранд ба таври ройгон ва бе мушкилӣ маводҳои заруриашонро аз муаллифони дохиливу хориҷӣ ва бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисӣ пайдо кунанд.

Ноёбшо Қадамшоев, масъули китобхонаи электронӣ, мегӯяд, барои ин китобхона як синфхонаи махсус ва 15 компютер ҷудо гардидааст ва ҳамаи ин компютерҳо бо шабакаи Интернет пайвастанд. Ба гуфтаи Ноёбшо, барои истифодабарии китобхонаи электронӣ пайваст будан ба шабакаи интернет чандон муҳим нест. Зеро кулли маълумот ва маводҳоро масъулини китобхона аз тариқи интернет дастрас намуда, дар компютери марказӣ нигоҳ медоранд. Яке аз дигар бартариҳои китобхонаи электронӣ аз китобхонаи оддӣ дар он аст, ки мегӯяд Ноёбшоҳ, донишҷӯёнро дигар лозим намеояд, ки соатҳои дароз миёни рафҳо китобҳоро ҷустуҷӯ карда ва баъдан онҳоро муддати чанд рӯз нусхабардорӣ намоянд.

Гуфтанист, ки то имрӯз ба китобхонаи электронӣ 50 ҳазор номгӯи китоб ворид шудааст, ки аксарияташон маводҳои таълимӣ мебошанд. Аммо масъулини китобхона мегӯянд, вобаста ба талабот ва хоҳиши истифодабарандагон онҳо дигар навъи китобҳоро низ ворид хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG