Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Равшан» «Помир»-ро шикаст дод


Ду бозии даври 16-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ тими CSKA «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. «Динамо»-и Душанбе низ бар тими меҳмон - «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид.

Вале натоиҷи ин бозиҳо ба мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот тағйирот ворид накард. Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар 13 бозӣ 32 имтиёз ба даст овардааст, мисли пешин дар ҷои аввал қарор дорад. Инчунин ҳамлагари «Парвоз» Нӯъмонҷон Ҳакимов, ки 13 гол ба самар расондааст, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал мебошад.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 29 имтиёз ҷои дувумро касб кардааст. Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 26 имтиёз аз 12 бозӣ дар зинаи севум ҷойгир шудааст. Муддаъии дигари унвони қаҳрамонӣ - дастаи «Вахш» - бо 23 имтиёз дар ҷои чаҳорум мебошад.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Парвоз»

13

10

2

1

33-11

32

2.

«Регар» ТадАЗ

12

9

2

1

36-10

29

3.

«Хуҷанд»

12

8

2

2

14-6

26

4.

«Вахш»

13

7

2

4

18-11

23

5.

«Динамо»

13

5

4

4

17-16

19

6.

«Тоҷиктелеком»

13

6

0

7

21-21

18

7.

CSKA «Помир»

14

5

0

9

10-25

15

8.

«Равшан»

15

4

1

10

17-33

13

9.

«Энергетик»

14

3

3

8

19-28

12

10.

«Гвардия»

13

3

2

8

12-29

11

11.

«Саройкамар»

14

2

4

8

23-30

10

XS
SM
MD
LG