Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Урра!”-и соҳибкорони вилояти Хатлон


Соҳибкорони вилояти Хатлон аз пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди манъи тафтиши соҳибкории хурду миёна дар ду соли оянда истиқбол намуданд.

Аммо дар баробари ин мехоҳанд, ки назорат аз болои риояи чунин мораторий таҳким дода шавад. Тафтишу санҷишҳои расмию ғайрирасмии батакрору беохирро гурўҳе аз соҳибкорони маҳаллӣ иллати аслии рушди чандон надоштани тиҷорати худ унвон мекунанд.

Юсуфҷон Умаров, яке аз соҳибкорони дар гузашта пешрави Қўрғонтеппа, собиқ сарвари корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «Интерфер», сабаби муфлисшавии ширкати мазкурро маҳз дар дахолати батакрори мақомоти тафтишгар мехонад. Ба қавли Ю. Умаров, саҳмгузорони амрикоии корхона дар пайи тафтишу санҷишҳои бешумори ниҳодҳои давлатӣ водор ба фурўхтани он шуданд. Вай гуфт: “Тафтишотгарон мисле ки дар навбат истода бошанд, пайи ҳам санҷишу тафтиш меканданд. Мо дилсард шудем ва ман ба Русия барои муҳоҷирати корӣ рафтам”.

Соҳибкор Юсуфҷон Умаров афзуд, ба маҳзи вуҷуди мавонеъи маъмурӣ дар роҳи рушди соҳибкорӣ, иқтисоди Тоҷикистон барои сармоягузорони ватанию хориҷӣ чандон ҷолиб наменамояд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти расмии Хатлон ба хотири ҷалби сармояи бештар ба иқтисоду тиҷорати кишвар масъалаи содда гардонидани расмиёти бақайдгирии давлатӣ ва иддае аз қавонини ҷории марбут ба соҳибкориро дар миён мегузоранд.

Фозилҷон Охунов, додситони вилояти Хатлон, дар ин иртибот мегўяд, воқеан, таъсири бештар манфии ниҳодҳои тафтишгари фаъолияти соҳибкорони бавижа хурду миёна дар қаламрави вилояти Хатлон эҳсос мешавад ва мебояд аз чунин дахолатҳои нолозиму ғайрирасмӣ ҷилавгирӣ кард: “Бисёр вақт нафақат корманди прокуратура, балки дар маҷмўъ 21 ниҳод иҷозаи тафтиши кори соҳибкоронро доранд, дар ҳақиқат бисёр рафта онҳоро тафтиш мекунанд, лозиму нолозим дар роҳи рушди соҳибкорӣ мавонеъ эҷод мекунанд. Шояд худи тоҷирон чандон ба корашон эътимод надоранд ё ҳуқуқашонро хуб намедонанд, ки дар китобҳои сабти санҷишҳо қайд намекунанд ташрифи тафтишгаронро. Мо низ мехоҳем, ки кори соҳибкорон рушд бикунад, онҳо орду биринҷу дигар анвоъи озуқаро бо қимати арзон ба бозоримаҳаллӣ ворид намоянд ва мушкиле надошта бошанд”. Додситони Хатлон афзуд, бо вуҷуди ин ҳама, аз сӯйи соҳибкорони инфиродӣ дар робита ба халали ниҳодҳои давлатӣ ба кори онҳо шикояте дарёфт нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, баъзе соҳибкорон иқрор мекунанд, ки ба хотири ба ҳар баҳона баста нашудани дари ширкату корхонаҳояшон тафтишу санҷишҳои лозиму нолозими мақомотро тоқат мекунанд. Валентина Ермакова, раиси маркази тиҷоратии «Баҳор»: «Мунтазам ба маркази тиҷоратии мо намояндагони гўё идораҳои андозу Тоҷикстандарт ғайрирасмӣ ворид мешаванд, гоҳе ҳам таҳдид мекунанду мегўянд, гўё дар ҳуҷҷатгузории мо нуқсе вуҷуд дорад. Намедонам ҳадафашон чист, аммо ин тафтишҳои бемаънӣ баъзан дар ҳузури мизоҷон сурат гирифта ва ба тиҷорати мо латмаи қобили мулоҳиза ҳам ворид месозанд…»

Хонум Ермакова афзуд, аз шунидани хабари манъи муваққатии тафтишу санҷишҳои мақомот мамнун шудааст, аммо ба назари вай, минбаъд низ ниҳодҳои тафтишгар бо вуҷуди эъломи мораторий, баҳонаи ташрифи худ ба марокизи тиҷоратиро пайдо хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол, Ойниҳол Бобоназарова, раиси бунёди мавсум ба «Перспектива +», эъломи мораторий ба ҳама намуди тафтишҳои соҳибкории хурду миёна ҳалли масъала нест, сарфи назар аз ин, мегўяд вай, мўҳлати чунин манъкуниҳо бояд на кам аз 5 сол бошад, мисле ки дар тамоми кишварҳои мутараққии ҷаҳон аст.

Ва аммо ҳукумати Тоҷикистон мегўяд, ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна талошҳо дорад ва ҳосили кори худро дар солҳои наздик хоҳад дид. . Дар ҳоле ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳоди қарзҳои бонкиро як роҳи аслии рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмўъ иқтисоди кишвар мехонад, вуҷуди монеаҳои бахусус маъмурӣ ва қонунҳои гоҳе зидду нақизи соҳавӣ, ба эҳтимоли коршиносон, боиси ҳарчи бештар ба қарз ғўта задани соҳибкорон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG