Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъияти тоҷикони муҳоҷири Харков ташкил нашуд


Дар барномаи нави "Садои ҳамватан" мавзӯъҳои зерин пешкаши шунавандагон мешавад:

Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ танҳо муҳоҷирони кории водии Зарафшон беш аз 36 миллион доллар ба хонаводаҳои худ фиристодаанд. Ин пулҳо куҷо мераванд ва таҳлилгарон дар ин бора чӣ мегуянд?

Оё ҳамаи муҳоҷирон бо пул ва саломат аз Руссия ба Тоҷикистон бармегарданд?

Омузгори забони англисӣ дар Алмаато бо чӣ кор машғул аст?

Ва муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Харкови Укроин натавонистанд ҷамъияти тоҷикон ташкил кунанд.

Чунин аст матолиби шумораи навбатии барномаи "Садои Ҳамватан"

Кормандони бонки милии Панҷакент мегуянд, ки танҳо дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ муҳоҷирони кории водии Зарафшон беш аз 36 милён доллар ба хонаводаҳои худ фиристодаанд. Ин дар ҳолест, ки будҷаи ноҳияи Панҷакент 12 милёну 700 ҳазор ва будҷаи ноҳияи дигари водӣ, яъне ноҳияи Айнӣ хеле камтар аз ин аст. Тавре, ки мушоҳида мешавад, пули панҷмоҳаи фиристодаи муҳоҷирони корӣ ду баробар бештар аз будҷаи солонаи давлатии ин ду ноҳия аст.

Ҳамкори мо Шоҳини Равшан дар шаҳри Панҷакент дар ин бора бо коршиносон ба гуфтугӯ нишаст ва гузорише таҳия кард.

Масъуди Собир-таҳлилгари умури иқтисодии Тоҷикистон, ки дар бораи ҷанбаҳои иқтисодии муҳоҷирати кории тоҷикон таҳқиқот анҷом додааст, ба хулосае расидааст, ки имруз зиндагии мардуми Тоҷикистон бидуни сармояҳои ворида аз муҳоҷирони корӣ нахоҳад гузашт. Дар як гуфтугӯ бо "Садои Ҳамватан" Масъуди Собир ҷанбаҳои мухталифи ин масъаларо боз мекунад.

Муҳоҷирати корӣ дар баробари суди молӣ зарари маънавӣ ва ҷисмонӣ низ доштааст. Гаҳ-гоҳе хабарҳо дар бораи куштори муҳоҷирон низ пахш мешавад. Таҳқиру шиканҷа аз ҷониби пулис ё корфармоён тарафи дигари зиндагии муҳоҷирони корист. Дар як гузорише, ки дар барномаи "Садои Ҳамватан" пахш шуд, коршиносон гуфтанд, ки бештар аз 90 дарсади муҳоҷирони кории тоҷик дар Руссия ба бемориҳои равонӣ гирифторанд. Фишорҳои равонӣ ва ташвиши рузгор онҳоро ҳамеша дар чанголи худ нигоҳ медорад. Ҳамкори мо Маҳмуди Шодӣ дар гузориши худ аз шаҳраки Ғарм мегуяд, Азизхоҷаи Назир -сокини деҳи Вардучи ноҳияи Рашт дар натиҷаи маҳрумиятҳо ва фишорҳои равонӣ дар Маскав ба бемории фалаҷ гирифтор шуд ва ба шаҳраки Ғарм баргашт. Азизхоҷаи Назир чанд сол аст бо масорифи зиёд талош дорад аз ин беморӣ муъолиҷа гирад.

Дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистон метавон афроди касбу кори мухталифро дид. Табиб, омузгор, иқтисоддон, муҳандис ва амсоли онҳо. Касбҳое, ки имруз Тоҷикистон ба онҳо ниёзи шадид дорад. Ҳасан Шамсуддинов-омузгори забони инглисӣ собиқаи 25 солаи устодӣ дорад, вале дар мусоҳибае бо Насибҷони Амонӣ-ҳамкори мо дар Алмаато гуфтааст, ки наметавонад дар Тоҷикистон бо пули омузгорӣ зиндагиашро пеш барад ва ҳоло дар Алмаато дар амборе борбардор аст:

Муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Харкови Укроин талош кардаанд, як ҷамъияти фарҳангии муҳоҷирони кориро ташкил диҳанд. Вале онҳо дар ин кор муваффақ нашудаанд. Сабаб чист ва умуман муҳоҷирони кории тоҷик дар Укроин бештар бо чӣ кор машғуланд? Дар ин бора ҳамкори мо дар Маскав Расули Шодон барои ин шумораи барнома гузорише таҳия кардааст:

Ёдоварӣ мекунем, ки барнома "Садои Ҳамватан" рузҳои шанбе ва якшанбе соъати 20:30 дақиқаи шом ва рузҳои якшанбеву душанбе соъати 8:30 бомдод ба вақти Тоҷикистон пахш мешавад.

XS
SM
MD
LG