Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзанҳо омодаи сафари Пекин


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Саҳифаи аввали барнома ба даври ниҳоии Ҷоми футболи Аврупо-2008 бахшида шудааст. Инчунин, пешгӯии шореҳони варзиши расонаҳои хабарии Тоҷикистон ба натоиҷи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо ба шунавандагони маҷалла пешкаш мегардад.

Дар саҳифаи дигари барнома дар бораи натоиҷи сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 бо ширкати 20 дастаи мунтахаби миллии футболи қорраи Осиё иттилоъ дода мешавад.

Инчунин мухлисони футбол бо натоиҷи бозиҳои дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, дар сабқати гурӯҳи «А» барои дарёфти Ҷоми раиси АFС, Конфедеросиюни футболи Осиё, ки дар пойтахти Малайзиё – шаҳри Куала-Лумпур – доир гардид, ошно хоҳанд шуд.

Дар ин барнома, ҳамчунин, дар бораи омодагии се нафар муштзанҳои тоҷик – Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов ва Шералӣ Достиев ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008, ки аз 8-ум то 24-уми август дар Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегардад, суҳбату гузоришҳо омода шудаанд.

Барои ба таври комил шунидани барнома ишораи «аудио» дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG