Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

11-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар Тоҷикистон имсол дигарбора хунрезӣ тавассути силоҳ сурат гирифт.

Ва гузашта аз ин ин хунрезӣ ва куштори одамон боз ҳам миёни нерӯҳои давлатӣ ва собиқ фармондеҳони Иттиҳоди оппозисиюни тоҷик ва афроди марбут ба Фронти халқӣ иттифоқ уфтод. Садои тири мусалсал ва ҳатто силоҳҳои сангин дар Ғарму Кӯлоб - манотиқе, ки аз саҳнаҳои асосии ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум буданд, баланд шуд ва дар Хоруғ – маркази вилояти Бадахшон, ки он солҳо аз пойгоҳҳои асосии мухолифин ба ҳисоб мерафт, тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи амалкарди мақомот баргузор шуд. Ва ҳукумат чораеро ба ҷуз аз эъзоми нерӯҳои изофӣ ва ворид кардани зиреҳпӯшҳо ба минтақа беҳтар надид.

Ва ин ҳама иттифоқоти рухдода дар соли равон, ки барои мисол дар се-чаҳор соли қабл ба мушоҳида нарасида буд, дубора дар бйни ҷомеъа ин афкорро ба чархиш овард, ки сулҳу субот дар кишвар ба таври комил побарҷо ва устувор нашудааст ва имкони вуқӯъи ҳаводисе, ки оромиро рабояд, вуҷуд дорад.

Ва рехтани хуни инсонҳо тавассути силоҳи оташфишон аз ҷумла дар Рашт ва Кӯлоб ва ҳамчунин тазоҳуроти эътирозии сокинони вилояти Бадахшон ба эътиқоди коршиносон осебпазирӣ ва дар ҳар лаҳза нақз шудани шароити созиши сулҳро дар пай дошта метавонад. Зеро ҳам дар Бадахшону Рашт ва низ дар Кӯлоб аз имконоти нерӯҳои низомӣ истифода шуд ва ахиран вазири дифоъи Тоҷикистон бо сароҳат эълом дошт, ки алайҳи эътирозкунандагон ва мухолифини давлат шахсан амалиёти ҷангиро роҳбарӣ мекунад, бидуни он ки биандешад, ки ин ҳарфҳо сулҳро ба хатар меандозад, ё хайр.

Аммо ба эътиқоди коршиносон, шароити Созишномаи сулҳ ҳанӯз дар соли 2003 замоне, ки Қонуни асосӣ мавриди ислоҳот қарор гирифт ва мӯҳлати даврони раёсати ҷумҳурии як ҳафтсола, ки тавофуқи ҳарду ҷониби сулҳро ифода мекард, ба ду иваз шуд. Ҳикматулло Сайфуллозода, як корманди маркази таҳлилии «Диалог», мегӯяд, шароити Созишномаи сулҳ дар ин ҷо ба таври якҷониба нақз шуд, вале то кунун ҷомеъа зарурати ин ислоҳотро дарк накардааст ба ҷуз аз он, ки умри сиёсии нафари маълум тамдид карда шуд:

Ҳикматулло Сайфуллозода, корманди маркази таҳлилии "Диалог" (аз рост)

«Ҳар таҳаввулоти конститутсионие, ки дар замони КОМ сурат гирифт, дар асоси талаботи Созишномаи умумии сулҳ буд. Ба як давраи 7-сола ба конститутсияе, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шуд, дар соли 1999 ин дар асоси мувофиқаи ҳарду ҷониб сурат гирифт. Дигар ба ин назар ҳама мутақоид шуданд, ки бо анҷоми 7 сол даврони раёсати ҷумҳурии ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон анҷом хоҳад ёфт. Баъдан корҳо тавре сурат гирифтанд, ки ҷониби мӯҳтарам зарур донист, ки аз нав баргардад ба тағйироти конститутсионӣ. Он тавофуқе, ки ҷонибҳо карданд ва рафтанд ба референдум, метавон гуфт, ки шикаста шуд».

Ҳамин тавр, ба эътиқоди коршиносон, ин иқдоми ҷониби давлат оғози ошкорои нақзи шароити Созишномаи сулҳ будааст, ки минбаъд муназзам ва пайваста идома ёфтааст. Ва дар ниҳояти амр чунин иқдомоти якҷонибаи ҳукумат заминаҳоро барои ташаннуҷи авзоъ ва бӯҳронӣ шудани вазъи иҷтимову иқтисодӣ мусоид сохтааст.

Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, бо ибрози нигаронӣ аз нишонаҳои барҷаста ва ошкорои нооромӣ ва ноамнии авзои кишвар сӯҳбат кард, ки ба пиндори ӯ, аз зимистони имсола оғоз шудааст. Оқои Мамадазимов бо ишора ба ҳаводиси нооромӣ дар манотиқи алоҳидаи кишвар мақомоти қудратии Тоҷикистонро дар эҷоди чунин фазои номуносиб масъул меҳисобад:

«То ҳамин зимистони соли равон мо ҳам фикр мекардем, ки раванди сулҳи тоҷикон бебозгашт мебошад. Аммо зимистон ва баҳори имсол нишон дод, ки баъзе ҳаракоти ноҷо аз тарафи сохторҳои давлатӣ ба боз ҳам мустаҳкамтар шудани раванди сулҳ халалдор шавад. Ин ҳам бошад сохторҳои қудратӣ, ки дар Ғарму Кӯлобу Хоруғ нишон дод, ки ин ҳаракатҳо метавонад раванди сулҳро халалдор созад. Барои ҳамин то соли гузашта мо мегуфтем, ки раванди сулҳ бебозгашт аст, аммо ҳоло метавон ба ин аломати савол гузошт».

Вале Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки давлат нерӯҳоеро, ки ба амнияти давлат таҳдид мекунанд, бояд саркӯб кунад. Зеро, ба ақидаи оқои Шарифов, баргузории гирдиҳамоиҳо дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон тавассути гурӯҳҳои ҷиноӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои хориҷӣ роҳандозӣ мешаванд.

Вай мегӯяд: «Ин омил ҳаст. Ноором кардани вазъияти Тоҷикистон вуҷуд дорад барои манфиати дигар давлатҳо. Имрӯз мо дар он марҳалае ҳастем ва бояд донем, ки ин гуна равиши вазъиятро мо роҳ намедиҳем. Он протсесҳо ва омилҳое, ки шуда истодаанд, онҳо албатта, ба фикри ман, характери на танҳо омиле доранд, ки таъсири он аз дарун шуда истодааст, аз берун ҳам ҳаст. Инҷо баъзе протсесҳое вуҷуд доранд, ки структураҳои ҷосусии давлатҳои беруна низ иштирок карда истоданд ва афсус мехурам, ки баъзе ҳизбҳои сиёсӣ низ ин протсесҳоро дастгирӣ мекунанд ва мебинем, ки аввал дастгирӣ мекунанд ва вақте, ки асли масъала аён мешавад, онҳо худро дур мекашанд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба боварии бархе дигар аз соҳибназарон, алъон давлат, ки ҳама аркони қудратро ба таври якҷониба дар қабзаи худ нигоҳ дошта, имкони ҳузури нерӯҳои сиёсӣ дар идораи кишварро ғайримумкин кардааст ва низ таййи 11 соли ҳаёти баъди ҷанги шаҳрвандӣ натавонистааст дар рӯзгори мардум беҳбуд бахшад, худ сабабгори пеш омадани ноамнӣ ва бесуботӣ дар ҷомеъа шудааст.

Ба эътиқоди коршиносон, давлат ба унвони яке аз ҷонибҳои сулҳ аз тавофуқоти сулҳ сӯйистифода карда, бақия нерӯҳои сиёсиро дар инзиво ва узлати сиёсӣ қарор додааст. Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиюн, ки замони муқовиматҳо то ба сатҳи як субъекти байнулмилалӣ такомул ёфта, Бадахшону водии Рашт ва низ қисматҳое аз навоҳии атрофи пойтахт ва шаҳри Душанберо зери назорат дошт,

дар интихоботҳои баъди Созишномаи сулҳ раъйи лозимаро ба даст наовард. Зеро, мегӯянд ин коршиносон, маъракаҳи сиёсии ахир бо мудохилаи мустақими ҳукумат ва таққалуби ошкор сурат гирифтанд.

Аммо Давлати Усмон, аз роҳбарони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, мегӯяд, дар пеш омадани чунин авзоъ ҳарду ҷониби сулҳи тоҷикон ҳам давлат ва ҳам мухолифин муқассир ҳастанд:

«Дар вазъияти имрӯз ба амал омада воқеъан ҳам ҳарду ҷониб гунаҳгоранд. Чунки баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ дар амри татбиқи он иштибоҳҳо аз ҳарду тараф буд. Тарафи ҳукумат бо даст доштан ба ҳама васоити ахбори омма ва таблиғу нашр дар тӯли ин солҳо кӯшиш кард, ки тарафи мухолифро дар ба даст овардани сулҳ камранг ҷилва бидиҳад ва инчунин гунаҳгори аслии ба вуҷуд омадани воқеъаҳо нишон бидиҳад. Тарафи мухолифин бошад дар вақти татбиқи Созишномаи сулҳ аз он потенсиале, ки дар натиҷаи мубориза ба вуҷуд омада буд, яъне як иттиҳоди қавии мухолифин аз ҳама табақаҳои ҷомеа ба даст омада буд, аз ин пурра истифода набурд. Манфиатҳои шахсиву қавмиву маҳаллӣ болотар аз манфиатҳои миллӣ рафтанд. Ва натавонист он афродеро, ки дар атрофаш буданд, онҳоро муттаҳид нигоҳ бидорад, ки дар натиҷа Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин аз як қувваи сиёсӣ-низомӣ ба як қувваи сиёсӣ табдил шавад ва ин як тавозуне эҷод кунад дар ояндаи раванди демократисозӣ ва бунёди як ҷомеъаи шаҳрвандӣ. Ин сабабҳо буданд, ки имрӯз воқеъан ҳам нишонаҳои бӯҳрон дар ҷомеъа ба мушоҳида мерасад».

Бо ин ҳама коршиносон мегӯянд, замони имзои Созишномаи умумии сулҳ ҷонибҳо манофеъи миллиро болотар аз манофеи ақидаиву маҳаллӣ ва гурӯҳӣ гузошта, тавонистанд кишварро аз гирдоби ҷанг берун кашанд. Аммо ҳоло вазъ комилан баракс шудааст ва ҳайати давлат асосан бо дарназардошти манофеъ ва махсусиятҳои маҳалливу қавмӣ таркиб ёфтааст. Аз ин рӯст, ки мегӯянд коршиносон, авзои бӯҳроние, ки ҷомеъаи Тоҷикистон бо он дасту панҷа нарм мекунад, натиҷаи ҳамин сиёсати нодуруст аст ва гумон аст, ки минбаъд ҳарф ва ё шиори сулҳ оварданҳо битавонад бар эътирозоту тазоҳуротҳо ва ё талаби истеъфо монеъа шавад.

XS
SM
MD
LG