Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳудуди 20 нафар коргарзанони корхонаи давлатии консервбарории Кӯлоб имрӯз, 26 июн, бо нишони эътироз аз маоши кам корпартоӣ намуданд.

Ба гуфтаи худи занон, эътирози онҳо ба он хотир будааст, ки маоши онҳо дар муқоиса ба соли гузашта ба маротиб коҳиш ёфтааст. Агар соли гузашта моҳонаи онҳо 200 сомонӣ, муодили 58 долларро ташкил медода бошад, дар соли ҷорӣ он ба якборагӣ то ба 80-90 сомонӣ, муодили 24 доллар, поён рафтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи ду моҳи ахир ҳамин маоши кучак ҳам ба онҳо пардохт нашудааст.

Дар ҳамин ҳол Ҳабиб Сайфуллоев, директори корхонаи мазкур, мегӯяд, ки ин эътирози коргарон набуда, як шикояти шифоҳии онҳо буд, ки зуд қонеъ гардонда шуд. Яъне маоши думоҳаи онҳо пардохт шуд ва кафолати баланд бардоштани музди кории онҳо дода шуд.

Ва аммо коргарзанони эътирознамуда, ки аз ифшои номи худ худдорӣ карданд, изҳор доштанд, ки роҳбарияти корхона ба онҳо ҳушдор додааст, ки агар як бори дигар эътироз кунанд, дар он сурат онҳо на танҳо аз маош, балки аз ҷои кор ҳам маҳрум хоҳанд шуд. Ба гуфтаи онҳо маъмурияти корхона ба онҳо таъкид намудааст, ки ба касе дар ин маврид даҳон накушоянд. Ва дар робита ба эътирози имрӯза ду зан аз кор пеш карда шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки корхонаи давлатии консервбарории Кӯлоб соли 2006 ба хотири таҷлили 2700-солагии шаҳр бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ба гуфтаи масъулин, ин корхона ҳудуди 50 коргарро фаро гирифта, дар сурати пурра фаъолият намудан, дар як шабонарӯз иқтидори истеҳсолди ҳазор дона қуттии нушобаи меваро дорад.

XS
SM
MD
LG