Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба гуфтаи шоирон Ширин Бунёд ва Алидоди Чароғабдол, ваҳдат дастоварди бузурги миллат буда, месазад, ки онро бо суханони волотарин тараннум кард.

Ҳамнаво шуд Рашту Хатлон,

Бо Ҳисору ҳам Зарафшон,

Суғд ҳамроҳи Бадахшон,

Ҳам Душанбеи гулафшон.

Шукри миллат, шукри ваҳдат, шукри истиқлоли тоҷик,

Шукри бахту ҳам саодат, шӯҳрату иқболи тоҷик.

Аммо Иқбол Муборакшоев, як тан аз собиқ аъзои фаъоли мухолифини тоҷик дар Бадахшон мегӯяд, ки вай ба арзишҳои ваҳдат чун яке аз дастовардҳои бузургтурини миллат қоил аст, аммо чунин мешуморад, ки интизороти ба дунболи имзои созишномаи сулҳ фаро расидани ваҳдати воқеъӣ, ки бисёриҳо дар дил мепарвариданд, бароварда нашудааст.

Вай изҳор дошт, намояндагони мухолифин, ки ба сохторҳои қудратӣ ҳамоиш ёфтанд ва ё дар доираи барномаи 30-дарсада ба ҳукумат ворид шуданд, ахиран бо баҳонаҳои гуногун аз сафи мақомот хориҷ гардиданд. Иқбол Муборакшоев изҳори ҳайрат мекунад, дар ҳоле, ки аввалин дидбонгоҳҳо ва қисмҳои марзбонӣ бо Афғонистон ва Чин дар минтақа аз ҳисоби собиқ размандагон ташкил ёфтаанд ва афсарону сарбозон дар иҷрои вазифаи хидматӣ кӯшиш ҳам ба харҷ доданд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки онҳо пароканда ва вазоратҳои марбута бо хароҷоти бештар аз нав ба ҷояшон чунин ниҳодҳоро дар марз таъсис додаанд.

Дар ҳамин ҳол сиёсатшинос Азорабек Мирзобеков ваҳдатро дар ба ҳам овардани мардуми тоҷик ва истиқрори сулҳ арзишманд ва бебаҳо медонад. Вай мегӯяд, ки аммо агар бо имзои созишномаи сулҳ садҳо ҳазор нафар гурезагони иҷборӣ ба ватан баргардонда шуданд. Аммо зери таъсири омилҳои иҷтимоиву иқтисодӣ зиёда аз як миллион ҳамватанон аз нав муҳоҷир ва, ба истилоҳи дигар, «гурезаи иқтисодӣ» шуданд, ки ин ҳолат дастоварди воқеъии ваҳдатро коста месозад.

Дар ҳамин ҳол пагоҳ 27-уми июн бинобар ҳанӯз дар таъмир будани майдони варзишиии шаҳри Хоруғ ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Роштқалъа баргузор мегардад.

XS
SM
MD
LG