Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамолиддин, як сокини 18-солаи ноҳияи Нуробод, пас аз хатми мактаби миёна ҳавои таҳсил дар донишгоҳро напарварида, мардикориро пеша кардааст.

Ҳоло вай дар сохтмони бинои нави ҳукумати ноҳия кор мекунад ва ҳар моҳе аз 600 то 800 сомонӣ ҳаққи музд мегирад. Ин ки вай таҳсилро идома намедиҳад сабаб дорад: таъмини ҳашт нафар узви хонавода маҳз ба души ӯст.

Ҷамолиддин, мегӯяд, «зиндагӣ маҷбур кардааст, кор мекунам. Ман ҳашт нафарро таъмин мекунам. Одатан пулам барои хурока сарф мешавад».

Дар ноҳияи Нуробод ҳудуди 24 ҳазор ҷавони аз 14 то 30-сола ба сар мебарад ва ағлаби онҳо муҳоҷирати кориро ихтиёр кардаанд. Сатҳи пасти зиндагӣ ва мушкилоти фаровони иҷтимоӣ ба шумори аъзами ҷавонон имкони идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои олиро намедиҳад. Ба гуфти масъулини ноҳия, як гурӯҳи ҷавононе, ки дар деҳот боқӣ мондаанд, ба кишоварзӣ, чорводорӣ ва сохтмони роҳҳо машғуланд.

Ҷамолиддин мегӯяд, бисёре аз ҳамсолонаш чандон хоҳиши дар сохтмонҳои маҳаллӣ кор карданро надошта, кушиш мекунанд бо ёфтани имконоти мусоид роҳ сӯйи Русияро бигиранд. Вай меафзояд, «400-450 сомонӣ маош мегиранд, аммо ин ба зиндагии хуб намерасад. Дар Русия азоб ҳам кашанд, вале онҷо пулаш хуб аст, музди хуби меҳнат мегиранд».

Рӯзгори ҷавонони ноҳияи Рашт аз ҷавонони Нуробод қариб, ки фарқ намекунад. Дар деҳот ҷавонписарон ангуштшуморанд ва аз субҳ то шом иҷрои корҳои сангини хоҷагӣ ба души кудакону духтарон аст. Ағлаби кӯдакон таътили тобистонаро на дар истироҳатгоҳҳо, балки дар заминҳои кишт ва чарогоҳҳо сипарӣ мекунанд. Ҷамъоварии ҳезум ва омодагии пурра ба зимистони шадид яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳост.

Ноҳияи Ҷиргатол дар 280-километрии шаҳри Душанбе қарор дошта, дар он 58 000 нафар ба сар мебарад, ки 68 дарсадашро қирғизҳо ташкил медиҳанд. Мардуми ин минтақа ғолибан ба ҳам омехта, насли нави тоҷику қирғизро ба дунё овардаанд. Дар ноҳия кӯдакон ба ду забон таҳсил ва муошират мекунанд. Шуғли аслии мардуми ноҳия алалхусус кӯдакон картошкапарварӣ аст. Тибқи мушоҳида, нигоҳубин ва парвариши заминҳои картошка пурра ба души наврасон буда, онҳо нозукиҳои кори худро хуб омӯхтаанд.

Шумори зиёди кӯдакону ҷавонони водии Рашт, ба вижа духтарон, аз зиндагии худ розиянд ва хушбахтии худро танҳо дар оиладор шудан мебинанд. Аммо онҳое, ки дониши хубтар доранд ва ё имкони ҳадди ақал боре аз пойтахт дидан карданро доштаанд, орзу доранд, ки дар донишгоҳҳои олӣ таҳсил ва ё таътили худро дар истироҳатгоҳҳои тобистона сипарӣ кунанд.

Аммо феълан барои аксари онҳо ин орзуе беш нест ва мусоҳибони мо дарк мекунанд, ки бо фарорасии тобистон мавсими кории онҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ оғоз мешавад ва ба ғайр аз меҳнат онҳо дигар интихобе надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG