Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки раисиҷумҳур ба Бадахшон


Бино ба иттилоъи мақомоти вилояти Бадахшон, вуруди мошинҳои борбар бо кӯмакҳои расондаи президенти кишвар ба навоҳии вилоят идома дорад.

Гуфта мешавад 9-тои ин мошинҳои борбар ба Хоруғ, 11 - Шуғнон, 8 - Рушон, 4 - Дарвоз, 9 - Ишкошим, 6 - Ванҷ, 3 - Мурғоб бор интиқол медиҳанд. Ин кӯмаки иборат аз маводи ғизо ва пушока, компютер ва навъҳои дигари мавод ба 5 ҳазор оилаҳои камбизоат, 18 мактаб-интернат ва макотиб дар минтақа тақсим хоҳад шуд. Арзиши кулли кӯмаки расонда 2 миллиону 175 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки 23-уми июн собиқ фармондеҳони аршади нерӯҳои мухолифин 60 мил силоҳ ва дуввуним ҳазор тирро ба мақомоти дохила супурданд. Толиб Аёмбеков, намояндаи собиқ фармондеҳон изҳор дошт, ки қарор аст бегоҳии имрӯз бо вазири дохила Маҳмадназар Солеҳов, ки тайи чанд рӯз боз дар Хоруғ қарор дорад, мулоқот баргузор шавад.

Вай гуфт, ки тибқи тавофуқ, гурӯҳи таъиноти махсус воридшуда ба минтақа иборат аз 72 нафар то сафари президент ба Бадахшон аз маркази вилоят хориҷ ва кулли силоҳи боқимонда ҷамъоварӣ шуда, дар ҷараёни сафари президент таслим хоҳад шуд. Вай таъйид намуд, ки онҳо ба ҳузури дигар нерӯҳо дар минтақа барои таҳкими марз интиқол шудаанд, мухолифат надоранд.

Дар ҳамин ҳол Имомназар Имомназаров, як тан аз ин собиқ фармондеҳон, ки вазири дифоъ ахиран тавассути хабаргузориҳо вайро чун нашаъҷаллоб муаррифӣ намуд, таи як баёния ба ин иддаъо посух додаст. Вай аз вазири дифоъ барои иштибоҳи худаш дар мавриди арқоми вуруди нерӯҳои иловагӣ, ки онҳоро 1200 сарбоз ва 9 ҷангандаи зиреҳпуш хондааст, маъзарат хостааст. Аммо, Имомназар Имомназаров гуфт, «ба шаъни вазири дифоъи як кишвар шахсан роҳбарӣ кардани амалиёти боздошт ва ҷисман аз байн бурдани як нафар, ки маъюби барҷомонда мебошад, ҷоиз намебошад».

Имомназар Имомназаров чунин изҳоротро аз даҳони як шахси баландмақом ба нафъи оромӣ намешуморад ва мегуяд, ки маҳз амали вазорати дифоъ дар мавриди вуруди якбораи нерӯҳо ба минтақа ба ташаннуҷи авзоъ сабаб шудааст.
XS
SM
MD
LG