Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатлон: оғози рақобат барои курсиҳои порлумон


Парлумони Тоҷикистон

Парлумони Тоҷикистон

Ҳизбҳои сиёсии фаъол дар вилояти Хатлон барои дарёфти курсии нави вакили порлумон вориди рақобатҳои тоза гардиданд.

Дар интихоботи миёнадаврӣ дар шаҳрҳои Қўрғонтеппаю Сарбанд ва ноҳияи Бохтар, ки 10-уми августи имсол дар назар аст баргузор шавад, аҳзоби Халқии демократӣ, Наҳзати исломӣ, Сотсиалистӣ ва Ислоҳоти иқтисодӣ бо номзадҳои худ ширкат хоҳанд варзид.

Барандаи ин интихоботи миёнадаврӣ дар парлумон Асомуддин Саидов, собиқ вакили Маҷлиси намояндагон ва феълан сафири Тоҷикистон дар Қирғизистонро иваз хоҳад кард.

Ҳамакнун фақат Ҳизби халқии демократӣ исми номзади худро дар интихоботи миёнадаврии 10-уми август эълом кард. Генерал-майори адлия Саодат Амиршоева, ки тайи 16 соли ахир раёсати идораи адлияи вилояти Хатлонро ба дўш дошт, ҳарчанд узви ҳизби ҳоким нест, аммо аз ҷониби ин ташаккули сиёсӣ вориди интихобот шудааст. Хонум Амиршоева гуфт, мусоидат дар рушди ҷомеаи мардумсолорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон аз муҳимтарин нукоти барномаи қалбазинтихоботиаш аст:

«Яке аз мушкилоти аслии мавҷуд дар маҳалҳои ҳавзаи интихоботии мо, яъне шаҳрҳои Қўрғонтеппаю Сарбанд ва ноҳияи Ёвон мушкилоти вобаста ба ҳуқуқ аст ва ман мехоҳам дар порлумон ҳам дар роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳое анҷом диҳам».

Ҳарчанд ағлаби коршиносони маҳаллӣ ба пирўзии номзади ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар интихоботи миёнадаврӣ, хоҳ генерал-майор Саодат Амиршоева бошад, хоҳ каси дигар, шак намебаранд, аммо масъулини Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар се соли ахир аз ширкат дар ҳама гуна интихоботи ҷузъӣ худдорӣ меварзиданд, ин бор иддаои зафар мекунанд. Қаландари Садурдинзода, раиси бахши Ҳизби Наҳзат дар Хатлон, мегўяд, дар сурати мунсифона доир шудани интихобот, номзади ин ҳизб дасти боло хоҳад дошт ва қабл аз ҳизбҳои дигар эълом шудани исми номзади ҳизби халқии демократиро гувоҳи заъфи шохаҳои ҳизби ҳоким унвон кард:

«Ин ҳам худи заъфи давлат ва нотавонии ҲХДТ-ро нишон медиҳад, ки аз пешравии аҳзоби дигари мухолиф бим дорад. Аз иштироки номзади аҳзоби дигар ҳизби ҳоким хавфу хатар мебинад ва аз ин рў, ба зулму ҳилаю найрангҳо номзади худро дар интихобот мегузаронад».

Ин ҳам дар ҳолест, ки бахши хатлонии Ҳизби сотсиалистӣ низ аз тасмими барои бори аввал бо номзади худ дар интихобот ширкат варзиданро эълом додааст. Дилбар Солиева, раиси Ҳизби сотсиалистӣ дар Хатлон, гуфт, давоми ҳафтаи ҷорӣ сотсиалистони ҷануби кишвар номзади худро барои ширкат дар интихоботи миёнадаврӣ интихоб мекунанд. Аммо хонуми Солиева дар посух ба ин суол, ки чаро дар маъракаҳои сиёсии қаблӣ номзади сотсиалистҳо ширкат намеҷуст, гуфт:

«Набудани номзадҳои шоиста. Шояд ҳамин сабаб бошад, ки мо то имрўз натавонистем номзади худро дар интихоботҳо ширкат диҳем ва ҳам имконоти заъифи молӣ. Ҳамин ки имконотамон васеътар шуд, мо дар маъракаҳои сиёсӣ фаъолтар ширкат хоҳем кард».

Ва аммо ҳизби ислоҳоти иқтисодии Хатлон мегўяд, то ҳанўз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст, ки дар интихоботи қарибулвуқўъ бо номзади худ ширкат меварзад ё аз номзади ҳизби ҳокими халқии демократӣ пуштибонӣ мекунад. Нигорбӣ Нурова, масъули бахши хатлонии ҳизб: «Ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ҳанўз номзадеро пешниҳод накардаанд. Агар мо номзаде пайдо накунем, аз номзади Ҳизби халқии демократӣ шояд пуштибонӣ кунем».

Дар ҳоле ки коршиносону таҳлилгарон мегўянд, номзади ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар интихоботи навбатӣ низ бидуни мушкил пирўз хоҳад шуд, масъулини ин ҳизб ваъдаи мудохила накардан ба кори камиссиюни интихоботиро супурдаанд, қавле ки рақибони сиёсии ҳизби ҳоким ба иҷроишаш эътимод надоранд.

Ин барои нахустин бор аст, ки ҳизбҳои Наҳзати исломӣ ва сотсиалистӣ аз тасмимҳои худ барои ширкат дар ин маъракаи сиёсӣ эълом доданд. Дар чандин интихоботи миёнадаврии гузашта дар баробари номзади ҳизби ҳокими халқии демократӣ намояндагони танҳо яке аз ду ҳизби, ба қавли коршиносон, сунъиэҷоди аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ рамзан иштирок мекарданд.

XS
SM
MD
LG