Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози собиқ узви иттиҳоди мухолифин дар зиндон


Ҳабибуллоҳ Раҳматуллоев, як маҳбус ва собиқ узви иттиҳодияи оппозитсиюн, рӯзи ҷумъа бо ҷароҳати вазнин, яъне бо гулӯи бурида, ба беморхона интиқол дода шуд.

Масъули бахши ба қайдгирии ҳамин беморхонаи маҳаллаи «Медгородок»-и пойтахт, ки зиндонии маҷрӯҳ ба он ҷо интиқол дода шудааст, ин иттилоъро тасдиқ намуд ва гуфт, ки ӯро дар ҳолати сангин ба беморхона оварданд ва ҳоло дар бахши эҳё (реаниматсия) дар ошёнаи чорум бистарӣ аст ва бар асари ҷароҳат вай ҳарф зада наметавонад.

Замоне ки мо ба ошёнаи чорум баромадем, дар назди утоқе, ки Ҳабибуллоҳ Раҳматуллоев бистарӣ буд, се нафар корманди маҳбаси рақами якуми пойтахт ба ҳайси муҳофиз меистоданд ва онҳо иҷозаи сӯҳбат бо маҷруҳро надоданд ва гуфтанд, ки танҳо пас аз ризоияти генерал Иззатуллоҳ Шарифов, сардори раёсати маҳбасҳои вазорати адлия, имконпазир хоҳад буд.

Муҳофизони Раҳматуллоев Ҳабибулло иҷоза надоданд, ки бо пизишки ӯ низ сӯҳбат карда шавад. Дар тамоси телефонӣ навбатдори сардори раёсати маҳбасҳои вазорати адлияи майор Ҳидоятов гуфт, ки дар ҳақиқат Ҳабибуллоҳ Раҳматуллоев собиқ узви иттиҳодияи оппозитсиюн аст ва дар моҳи январи соли 2002 ба маҳбас оварда шудааст. Аммо дар робита ба бурида шудани гулӯи Раҳматуллоев иттилоъе дода нашуд.

Вале яке аз фармондеҳони собиқи иттиҳодияи мухолифин пешин, ки ҳоло мустаъфӣ ва аз овардани номаш худдорӣ кард, гуфт, аз аҳволи Раҳматуллоҳ бохабар аст. Дар маҳбас ба ӯ фишору лату куб ва бадрафторӣ шудааст. Бадрафтории давомдор аз ҷониби кормандони маҳбас ва беҷавоб мондани муроҷиатҳои ӯ аз тарафи масъулони зиндон ӯро водор кардааст, ки ба нишони эътироз бо алмос, ё лезвия, гулӯи худро чок занад. Вай афзуд, ин барои нахустин бор нест, ки ба ин шакл зиндониҳо барои огоҳ намудани масъулон аз вазъи зиндагишон ба чунин амал даст мезананд.

Тибқи гузориши расида, Ҳабибуллоҳ Раҳматулоев аз беморхонаи «Медгородок» ба бахши табобатии маҳбаси ноҳияи Ваҳдат интиқол дода шудааст.

Дар нишасти матбуотии ахир масъулони вазорати адлияи Тоҷикистон вуҷуди бадрафторӣ нисбати маҳбусинро рад карданд ва афзуданд, ки дар ҳақиқат гирифторони бемории сил дар миёни зиндониён ҳастанд, вале ҳеҷ кадом корманди зиндонҳо ҳақ надорад, ки ба маҳбусон бад рафторӣ кунанд.

Аммо наздикони маҳбусҳо, ки ба хабаргирии онҳо ба зиндонҳо мераванд, ҳамеша аз бадрафторӣ ва таҳқиру фишор аз тарафи кормандони зиндонҳо ба маҳбусин шикоят мекунанд ва борҳо номаҳои дастҷамъӣ аз тариқи наздиконашон ба вазорати адлия ва созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ирсол доштаанд.

XS
SM
MD
LG