Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Собиқ фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар Бадахшон зимни як нома ба президенти ҷумхурӣ хостори дахолати мустақими ӯ ба вазъи Бадахшон шудаанд.

Собиқ фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар Бадахшон Имомназар Имомназаров, Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов ва Мамадбокир Мамадбокиров дар ин нома зикр намудаанд, ки бинобар аз байн рафтани эътимод ба намояндагони сохторҳои интизомӣ, ки ба ташаннуҷи авзоъ манфиатдоранд, онҳо президенти кишварро ягона кафолати ба таври мусолиматомез ҳал намудани бӯҳрони сиёсӣ дар минтақа мешуморанд.

Ба гуфтаи онҳо, ҳарчанд тайи солхои ахир бархе аз онҳоро бо баҳонахои гуногун аз сафи артиш хориҷ намудаанд, аммо онхо ҳанӯз ҳам худро чун сарбоз ва президенти кишварро ҳамчун сарфармондеҳи кулл эътироф намуда, омодаанд ба хотири пешгирӣ аз бархурди мусаллаҳона амрашро ба иҷро расонанд.

Сардори шӯъбаи омодагии ҷангии қисми марзбонӣ дар Хоруғ Толиб Айёмбеков гуфт, ки аз ҷониби собиқ фармондеҳон ҳеҷ гуна икдом сурат нахохад гирифт ва онҳо ҷонибдори ҳалли қазия дар асоси қонун ва бе истифодаи зӯру силоҳ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол бинобар маълумоти ташаббускорони гирдиҳамоӣ дар Хоруғ ахиран намояндагони мақомоти қудратӣ дар минтақа эътироф намудаанд, ки мақсади вуруди неруҳои низомӣ анҷоми амалиёти халъи силоҳ будааст. Аммо масъулини раёсати корҳои дохилаи Бадахшон ин иддаоро рад карда, вуруди нерӯҳоро ба сафари президенти кишвар, ки қарор аст, моҳи оянда ба минтақа сурат бигирад, рабт доданд. Дар ҳамин ҳол ба иттилоъи бархе аз манобеъ, вуруди силоҳу муҳимот ва сарбозон тавассути чархбол имрӯз низ ба Бадахшон идома доштааст.

Алим Шерзамонов, раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар Бадахшон, изҳор дошт, ки вай ба раёсати амнияти вилоят даъват шудааст ва барои ғайриқонунӣ будани аъмолаш, чун яке аз ташаббускорони гирдиҳамоӣ ҳушдор додаанд. Аммо Алим Шерзамонов гуфт, ки вай ва ҷонибдорони ҳизб ва руасои маҳаллахо бо нигаронӣ аз эҳтимолияти ташаннуҷи авзоъ дар минтақа ва хотири пешгирии он даст ба гирдиҳамоӣ задаанд.

Бархе аз баромадкунандагон дар гирдиҳамоии дирӯз таъкид ва нигаронӣ карданд, ки амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар дигар манотиқи кишвар ҳалокати шаҳрвандони мулкӣ, шурӯъи таъқиботи сиёсӣ, фишор болои дигарандешону сармоядорон ва ғасби амволро дар пай доштааст.

XS
SM
MD
LG