Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳи вакилони маҷлиси шаҳрӣ ва намояндагони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ дар як нома аз раиси вилоят Қодир Қосим тақозо кардаанд, ки зарурати вуруди нерӯҳои дохила ва амниятӣ ба Бадахшонро шарҳ диҳад.

Ба гуфтаи вакилон ва намояндагон, то ташрифи президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон, ки қаблан эълон шуда буд, ҳанӯз қариб як моҳ вақт аст ва дар чунин ҳолат шурӯъи интиқоли нерӯҳои дохила ва амниятӣ ба минтақа, ки тавассути тайёраҳо аз субҳи дирӯз шурӯъ гардидааст, ба доман задани нооромӣ дар маркази вилоят сабаб шудааст.

Гурӯҳи вакилони маҷлис ва намояндагони шаҳр баён доштанд, ки бо изҳори нигаронӣ аз вазъ ва посух гирифтан ба суоли бо кадом мақсад ворид шудани нерӯҳои иловагӣ ба маркази вилоят онҳо бо раиси шаҳр мулоқот намудаанд, аммо ба гуфтаи раиси шаҳр, вай оиди таъиноти ин нерӯҳо ҳеҷ гуна маълумотеро дар даст надоштааст. Дар ин мулоқот бо раиси шаҳр ҳамчунин пешниҳоди таъсиси як шӯрои мустақили маҳаллаҳои шаҳр ироа шуда, раиси он Назардод Маҳмадғазанов интихоб шудааст.

Назардод Маҳмадғазанов изҳор намуд, ки интиқоли нерӯҳо ба Бадашон аз субҳи дирӯз ба дунболи вуқӯъи моҷаро байни додситони Бадахшон ва як собиқ фармондеҳи аршади нерӯҳои мухолифин дар минтақа шурӯъ гардидааст. Аммо намояндагони маҳаллаҳо дар ҷараёни ҷаласа, ки дар толори шаҳрдорӣ баргузор гардид, изҳор доштанд, ки собиқ фармондеҳи аршади нерӯҳои мухолифин дар робита бо моҷаро бо додситон ба онҳо гуфтааст, вай омода аст дар асоси қонун дар назди додгоҳ барои кирдораш ҷавоб диҳад.

Намояндагони маҳаллаҳои шаҳр дар чунин ҳолат вуруди нерӯҳои иловаги ба минтақаро амали ғаразнок арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи намояндагони маҳалҳо, онҳо аз ташаннуҷи эҳтимолии авзоъ боз аз он ҷиҳат нигарон ҳастанд, ки амалиёти боздошти нерӯҳои ҳукуматӣ дар дигар манотиқ ба ҳалокат расидани шаҳрвандони мулкиро дар пай доштааст.

Дар ҳамин ҳол як манбаъи ҳукуматӣ гуфт, ки ба Бадахшон дар доираи иҷрои машқҳои нақшавӣ ҳамагӣ ҳудуди 60 нафар сарбозу афсар ворид шуда, ашхоси манфиатҷӯ дар гирди он ҳангома бардоштаанд. Ба қавли баъзе манбаъҳо, интиқоли нерӯҳо ба Бадашхон барои анҷоми амалиёти боздошти як собиқ узви фаъоли иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар минтақа сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG