Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷопон ба беморхонаи марказии Ғарм ба маблағи 100 000 доллари амрикоӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ туҳфа кардааст.

Хуршед Муҳаббатов, ноиби намояндагии Созмони кӯмак ва дастгирии Ҷопон (AAR Japan) дар Тоҷикистон, ба радиёи Озодӣ гуфт, ин кӯмакхо аз 15 адад пешрафтатарин таҷҳизоти гуногуни муосири тиббӣ иборат мебошад, ки аз ин ба баъд дар беҳбуди шароити муоина ва табобати сокинони ин минтақаи кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Вай афзуд, дар доираи ин кӯмакҳо қариб ҳамаи шӯъбаҳои беморхонаи шаҳраки Ғарм, аз қабили шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, шикастабандӣ, амрози даруна, шӯъбаи кӯдакона ва ғайра, бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардиданд. Аммо вай бо ёдоварӣ аз ду дастгоҳи пешрафтаи сохти Ҷопон – дастгоҳҳои ултрасадо ва гастроскопӣ - махсус ишора карда, гуфт, ки ин дастгоҳҳо ҳатто дар ҷумҳурӣ камназиранд ва бо истифода аз онҳо метавон амрози меъда, рагҳои хунгарди дил ва мағзи сари кӯдакони то дусоларо ташхис кард.

Ҳамзамон Камолиддин Ёров, мудири шӯбаи амрози сироятии беморхонаи Ғарм, аз иқдоми ҳукумати Ҷопон истиқбол намуда, гуфт, таҷҳизоти нави пурарзиши ҷопонӣ кори пизишкони беморхонаро хеле осон хоҳад кард. Зеро, ба гуфтаи ӯ, таҷҳизоти қаблии беморхонаи Ғарм аксаран фарсуда ва корношоям шуда буд, ки табибонро ба мушкилиҳои зиёд рӯбарӯ месохт.

Ҳамзамон зимни сафари ҳайати ҷопонӣ ба Ғарм лоиҳаи дигаре, ки намояндагии Созмони кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар ноҳияҳои Рашту Тавилдара маблағгузорию амалӣ сохтааст, барномаи занбурпарварист, ки ҷиҳати дастгирии маьлулони ин минтақа равона шудааст. Дар ин лоиҳа аҳли хонаводаи маъюбон бо замбур ва таҷҳизоти занбурпарварӣ таьмин мешаванд, ки ба гуфтаи масьулини ин лоиҳа, дар сурати натиҷаи дилхоҳ додан, ин лоиҳа дар ҳама навоҳии водии Рашт роҳандозӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG