Пайвандҳои дастрасӣ

Ин навбат «Ояндасоз» ба ноҳияи Масчоҳ сафар кард.

Ноҳияи Масчоҳ аз маркази шаҳри Хуҷанд чандон дур нест аммо шароити зисти ҷавонони ин деҳот аз шаҳр ба куллӣ фарқ дорад. Панҷоҳ дарсади аҳолии ин деҳро духтарону занон ташкил медиҳанд ва аксари кулли онҳо хонанишин буда, ҳамарӯза машғули корҳои вазнини саҳроӣ ҳастанд.

Зимни сафар ба ноҳияи Масчоҳ мушоҳида кардем, ки бештари наврасон бо чаронидани чорво машғул ҳастанд. Дар бозори марказии ноҳия кам наврасоне ба назар мерасиданд, ки аробакашӣ мекарданд. Наврасони ин деҳот бештар бо корҳои саҳро аз қабили побел, тоза намудани заминҳои пахтазор ва дар ҳавои гарми тобистон ба чаронидани чорво машғул мешаванд.

Бояд бигӯем, ки зиндагии ҷавонони ин деҳот аҷоиб буда, аз дигар ноҳияҳои вилояти Суғд фарқи зиёд дорад. Дар ин ноҳия ҷавонону наврасоне зиндагӣ доранд, ки боре ҳам ба мактаб нарафтаанду ҳатто номи худро навишта наметавонанд. Танҳо дар яке аз деҳаҳои Фирдавсии ноҳияи Масчоҳ, ки бист хонавода ба сар мебарад, дар канори калонсолон теъдоди зиёди ҷавононе ҳастанд, ки боре ҳам ба мизи мактаби нанишастаанд. Бачагони ин деҳа мегӯянд, онҳо низ орзуи дар мактаб таҳсил карданро доранд. Аммо орзуҳои онҳо ҳама дар дил боқӣ мондааст.

Орзуҳои ширини духтарони Масчоҳро дар гуфтори «Ояндасоз» аз тарафи рости ин сомона хоҳед шунид.

Мактаби аслии деҳа дар дурии 10 километр қарор доштааст, ки аксари кӯдакон имкони ҳамарӯза ба онҷо рафтану омаданро надоштаанд. Дурии роҳ ба мактаб як сабаби аслии аз таҳсил дур мондани кӯдакону наврасон маҳсуб меёбад.

Набуди мактаб ва дурии роҳ сабаб гашта, ки дар аксари деҳоти ноҳияи Мастоҳ наврасону ҷавонони аз 7 то 20-сола бе хату савод мондаанд. Ва аммо бачагони деҳи дигар хушбахттаранд, чун дар ин деҳ мактабе таъсис ёфтааст. Ва қиссаи мактабхонии ин бачагон аҷиб аст дар синфи якум хонандагони синни гуногун аз 7 то 12-сола ва дар синфи дуввум наврасони аз 12-сола боло таҳсил доранд. Ва мактаб ҳам аз як ҳуҷра ва ду се мизу курсӣ иборат буда, буда танҳо як муаллим аз ҳамаи фанҳо ба хонандаҳо дарс мегӯяд.

Вале волидон аз он нигаронанд, ки фаъолияти мактаби нопурраи деҳ дер давом намекунанд, чун ин мактаб хонаи як шахс буда, ба муддати ду сол ба иҷора дода шудааст.

Ва аммо дар ҳамин ҳол Насиба Шарифова, муовини раиси ноҳияи Масчоҳ мегӯяд, буҷаи ноҳия имкони сохтмони мактабро надорад. Ва табиист, ки дар чунин шароите, ки наврасону ҷавонон имкони таҳсилро надоранд, волидон таълим барои духтаронро аслан зарур намешуморанд. Ба қавли онҳо, навиштану донистани ҳарфҳо барои духтар басанда аст.

Рӯзи духтарони ин деҳот якранг мегузарад. Духтарон дар сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ Ибодати Неъматзода гуфтаанд, зиндагии якранг дар деҳа, дур мондан аз таҳсил то андозае ҷаҳонбини ва дарки онҳоро маҳдуд кардааст.

Ҷавонон маъюсу ноумед вақти худро дар саҳрои васеъ бо чаронидани чорво ва корҳои вазнини саҳрои сарф мекунанд, ба умеде ки рӯзе мешавад ва дари мактаб бар рӯи онҳо низ боз хоҳад шуд.

Вале як гурӯҳи ҷавононе, ки имкони таҳсил дар мактабро доштаву соҳиби хатту саводанд имрӯз таҳсилашонро дар донишгоҳи Хуҷанд идома медиҳанд. Ин донишҷӯён дар сӯҳбат бо ҳамкорамон Ибодати Неъматзода аз вазъи иҷтимоӣ ва шароити донишҷӯияшон дар шаҳр ба барномаи «Ояндасоз» қисса карданд. Андешаҳои онҳоро низ дар барнома хоҳед шунид.

Вобаста

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG