Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбони тоҷик аз банди қирғизҳо озод шуд


Ситоди марзбонии Суғд мегӯяд, ки сарҳадбонони вилояти Ботканди Қирғизистон рӯзи 5–уми июн як марзбони бандии тоҷикро раҳо карданд.

Ин марзбони тоҷикро як ҳафта инҷониб сарҳадбонони қирғиз дар қайди худ нигаҳ медоштанд. Уктам Гадойбоев, подполковники ситоди марзбонии Суғд, дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, сарбози марзбон Тошпулод Чотов аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз дар рӯзи 29–юми май дар хоки Тоҷикистон, наздик ба деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, дар ҳоле ки мехост ҳайвоноти хонагии қирғизҳоро аз хоки Тоҷикистон берун кунад, дастгир шуда буд.

Аммо ҷониби Қирғизистон мегӯяд, сарбози тоҷик вақте мавриди боздошт қарор гирифт, ки вориди ҳудуди деҳаи Қаробоғи ноҳияи Ботканд, наздик ба деҳаи Чоркӯҳи Тоҷикистон гашта, аҳолии онро бим дод. Ба навиштаи хабаргузории «Акипресс»-и Қирғизистон, идораи умури дохилаи ноҳияи Ботканд алайҳи марзбони тоҷик – Тошпулод Чотов парванда боз карда, ӯро барои «марзшиканӣ» ва «авбошӣ» айбдор кардааст.

Дар ҳамин ҳол ситоди марзбонии Суғд мегӯяд, барои муайян кардани асли ҳодисаи боздошти марзбони тоҷик таҳқиқоти хидматӣ пеш мебарад. Коршиносон ва таҳлилгарони масоили марзии Суғд мегӯянд, ки ин гуна ҳодисаҳои боздошти шаҳрвандон ва сарҳадбонон ҳамдигар аз сӯи марзбонони қирғизу тоҷик ҳар замон рух медиҳад. Аммо баъди дидори раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар дар моҳи май дар Суғд барои бори якум ин гуна ҳодисаи даъвии марзӣ ба қайд гирифта шудааст. Раҳмон ва Боқиев дар мулоқоти худ дар рӯзи 19–и май дар Хуҷанд зери як эъломияи муштарак имзо гузоштанд, ки ҳама гуна истифодаи якҷонибаи заминҳои наздимарзии миёни ин ду кишварро манъ мекард.

Дар ҳамин ҳол ба назари коршиносони Суғд, марзбандӣ нашудани хати сарҳади байни Суғду Ботканд эҳтимоли чунин баҳсу муноқишаҳо боқӣ мемонад. Коршинос Бобоҷони Икром мегӯяд, то замоне ки миёни давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли мушкилоти марзӣ як хулосаву ақидаи комил ҳосил нашудааст, ин ҳолат шаҳрвандони ҳар ду ҷонибро дар кӯчаи сарбаста қарор додааст.

Хати марзи муштараки миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Суғд ҳудуди 600 километр буда, ҳанӯз муайян ва нишонгузорӣ нашудааст. Дар ин минтақа тоҷикону қирғизҳо дар ҳудуди бист анклав дар ду тарафи як роҳ ё як наҳри умумӣ якҷоя ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG