Пайвандҳои дастрасӣ

Мӯҳлати қонунигардонии моликият дароз шуд


Порлумони Тоҷикистон мӯҳлати қонунигардонии моликияти ғайриқонунии шаҳрвандонро то шаш моҳи дигар дароз кард.

Тоҷидин Тӯраев, вакили порлумони Тоҷикистон, мегӯяд, аксари шаҳрвандон ба далели кӯтоҳ ва ғайрикофӣ будани мӯҳлати авфи моликияти ғайриқонунӣ натавонистаанд моликияташонро ба расмият дароранд ва бо ин сабаб парлумон онро бо хоҳиши раисҷумҳур то ним соли дигар, яъне то 1-уми январи соли 2009, дароз кардааст.

Ин дар ҳолест, ки порлумон Қонун "Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон барои қонунигардонии молу мулк»-ро соли 2007 қабул карда буд, ки мӯҳлати расмӣ гардонии моликияти ғайриқонунӣ аз 1-уми январ то 1-уми июни имсол идома мекард. Ҳадафи он ҷалб намудани молу мулки ғайрирасмӣ ба гардиши расмии иқтисодӣ ва муқаррар кардани соҳибони воқеии онҳо буд.

Аъзои порлумони Тоҷикистон мегӯянд, ин қонун ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши фасод қабул шудааст, ки бар асоси он шаҳрвандон бо ин шарт, ки мавриди таъқиб қарор нахоҳанд гирифт, метавонанд моликият ва дороии худро эълон кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба ақидаи коршиносон, ин қонун аслан ба онҳое марбут аст, ки амвол ва сарвати худро ё дар пайи тиҷорати маводи мухаддир ва ё бо роҳи фасоду ришват ғун кардаанд.

Юсуф Ахмедов, вакили порлумони Тоҷикистон, мегӯяд, маъракаи расмигардонии моликияте, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст, ба сарватмандон имкон медиҳад, ки сарвати худро авф кунанд. Вай афзуд, «масалан, агар шумо чанд мошин дошта бошед ва онҳо ба номи хешовандонатон бошанд, давлат ба шумо имконият додааст, ки ҳамаашро ба номи худатон гузаронед. Ва агар як кӯза тило аз бобоятон мерос монда бошад ва шумо онро ба бозор бароред, мавриди боздошти мақомоти интизомӣ қарор мегиред. Вале агар онро расмӣ карда бошеду ҳуҷҷаташро дошта бошед, касе ба шумо кор надорад. Ин қонун ҳамин гуна имконият медиҳад».

Мақомоти Тоҷикистон аз ироаи он, ки дар давоми шаш моҳ чанд шаҳрванди Тоҷикистон моликияти ғайриқонунии худро расмӣ кардаанд, худдорӣ мекунанд. Аммо коршиносон расмӣ кардани молу мулки ғайриқонунии шаҳрвандонро идомаи мантиқии дар соли 2003 қонунисозии пулҳои бо роҳҳои мухталиф андӯхта арзёбӣ карда, мегуянд, ин иқдом ба манфиати онҳоест, ки солҳои зиёд бидуни пардохти ҳар навъ молиёт ва бо шеваҳои ғайриқонунӣ сарват гирд овардаанд. Вале онҳо ба он бовар надоранд, ки шахсони сарватманд, ки дар Тоҷикистон аксари мансабдорони тоҷик вазирону ҳукуматдорон ба қатори онҳо медароянд, маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд.

Шокирҷони Ҳаким, коршиноси мустақил, мегуяд, тарсу ҳарос ва адами эътимод онҳоро намегузорад, то моликияти худро ба давлат ифшо созанд. Оқои Ҳаким мегӯяд, «чанд омил ҳаст, ки ба амали самарабахши қонун монеъ мешавад. Аз ҷумла набудани эътимод ба давлат ва ба ҷомеа ва маълум шудани шумораи ниҳоят ками мардуми Тоҷикистон, ки моликияти бештареро аз худ кардаанд. Ҳарчанд яке аз шартҳои қонуни мазкур ин пинҳон доштани ному насаби нафарони мушаххас аст, вале мардум эътимод надорад ва эҳтимоли таҳти фишор қарор гирифтани онҳо вуҷуд дорад. Аз ин хотир ашхоси доро аз расмигардонии моликияташон худдорӣ мекунанд».

Коршиносон мегӯянд, тамдиди мӯҳлати маъракаи расмигардонии молу мулки бо роҳи дуздӣ ва фасоду ришва ҷамъовардаи афроди сарватманд тасмими дуруст аст, вале дар гумон аст, ки ашхоси сарватманд аз он хушҳол шаванд.

XS
SM
MD
LG