Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои Ғарб аз вазъи Тоҷикистон


Хабаргузории Ройтерз менависад, бӯҳрони энержӣ ва афзоиши нархҳо дар Тоҷикистон нигарониҳоеро дар Ғарб аз суботу оромии ин кишвари ҳаммарзи Афғонистон ба миён овардааст. Русия, ки Тоҷикистонрро сарҳадди манотиқи нуфузи худ дар минтақа мешуморад, низ ба аломатҳои нооромӣ дар ин кишвари ҳафтмиллионнафарӣ мутаваҷҷеҳ шудааст.

Тоҷикистон сар аз хатми ҷанги дохилӣ дар соли 1997, ки боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар гашта буд, умдатан ором буд, аммо иқтисодиёти он ва сохтори зербинояш ҳамоно дар ҳолати фурӯпошидагист.

Далелҳои вазъи шиканандаи Тоҷикистонро шореҳи сиёсии Ройтерз аз гуфтугӯ бо дипломатҳои ғарбӣ, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва сокинони кишвар гирдоварӣ кардааст. Бархе аз дипломатҳои ғарбӣ гуфтаанд, Тоҷикистон барои ҷаҳон аз лиҳози стратегӣ муҳим аст, ба вижа дар мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир ва аммо пас аз авҷи бӯҳрони камбуди эенержӣ аксари мардуми он донистаанд, ки ҳукуматашон ба фикри онҳо нест.

Як дипломати баландпояи ғарбӣ гуфтааст, норозигӣ воқеъияти бештар пайдо мекунад ва ҳатто намояндаи ҳукумати Тоҷикистон инро ба таври худ иқрор кардаву мегӯяд, "мо хушбахтем, ки баъд аз зимистони гузашта ҳам дар сари кор боқӣ мондаем."

Ба ақидаи сафирони ғарбӣ, мардуми Тоҷикистон пас аз зимистони мудҳиш низ дар сахтӣ ба сар мебаранд, аммо президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ҳукуматро дар даст дорад, тоқатпазири танқиду эътироз нест.

Бо ишора ба интихоботи ояндаи президентӣ, ин дипломат мегӯяд, гумон надорад, ҳокимони Тоҷикистон бо ин андеша оштӣ кардаанд, ки дар панҷ соли оянда метавонанд, барои каси дигаре овоз диҳанд.

Нархҳо дар соли гузашта қариб 20 дарсад боло рафта, тавлиди нохолиси миллӣ дар семоҳаи аввали соли равон ҳамагӣ 3 дарсад боло рафт, дар ҳоле ки соли гузашта ин рушд қариб 8 дарсадро ташкил медод.

Хонуми Ҳикоят, сокини шаҳри Душанбе, гуфтааст, илоҷе нест ва аз нав мақсад ин шудааст, ки бо ҳар роҳ ки бошад, зинда монд. "Аксари мардум бе нерӯи барқ зиндагӣ мекунанд ва об нест, ғалларо ба камол расонанд."

Аз сӯи дигар, мардуми Тоҷикистон аз ҳукумати худ умеди инро доштанд, ки корхонаҳои замони шӯравиро дубора фаъол мекунад ва бо таъсиси корхонаҳои нав барои мардум ҷои кор месозад. Вале аз фурӯпошии шӯравӣ 17 сол мегузарад, аммо иқтисодиёти Тоҷикистон ба бадтарин сатҳи давраи шӯравӣ низ баробар намегардад. Наздик ба як миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон барои кору даромад ба Русия ҳиҷрат кардаанд ва аз се ду ҳиссаи иқтисодиёти кишвар бар пояи маблағҳоест, ки онҳо ба ватан мефиристанд. Бахши дигар ва низ бузурги иқтисодро қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ташкил медиҳад, ки ба густариши комили фасоду хушунат сабаб гаштааст.

Ройтерз менависад, мақомоти давлати Тоҷикистон омода нашуданд, ба суоли ин ки мушкилоти мавҷударо чигуна ҳал мекунанд, посух бидиҳанд, аммо президент Раҳмон мегӯяд, ислоҳотро идома хоҳад дод ва тағйири амалӣ ба худи мардум бастагӣ дорад.

Ройтерз ба нақл аз Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон мегӯяд, агар як сол пеш шикояту норозигии мардум хеле кам садо медод, акнун дар ҳама ҷо сухане ба ҷуз шиква ва бадбинӣ нест.

Шореҳи сиёсии Ройтерз дар ҷамъбасти таҳлили худ суханони дипломати аршади ғарбиро, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кардааст, ба ёд меорад. Ин дипломат мегӯяд, бо назардошти тақвияти ошӯби толибҳо дар Афғонистон, ҳеч кас наметавонад, пешгӯӣ кунад, ки эътирози аҳолӣ дар Тоҷикистоне, ки аҳзоби мухолифаш заъиф ва тақсимшудаанд, дар чи шакле зоҳир хоҳад гашт. Ҳамзамон сафири ғарбӣ бар ин аст, ки вазифаи ӯ кӯмак ба Тоҷикистон аст, то фурӯ наафтад ва ҷаҳон хостори ин нест, ки дар ин минтақаи муҳими дунё ҳолати ислоҳнопазире ба миён ояд.

XS
SM
MD
LG