Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳкиро 50% гаронтар шуд


Шаҳрдории Душанбе зимни як қарори нави худ роҳкирои нақлиёти мусофирбар дар пойтахти Точикистонро 50 дарсад гаронтар кардааст.

Бар асоси қарори шаҳрдории Душанбе аз 1-уми июни соли ҷорӣ, роҳкирои автобусҳои шаҳри Душанбе аз 40 дирам ба 60 дирам, роҳкирои автобусҳои барқӣ аз 30 дирам ба 50 дирам ва роҳкирои машруткаҳо аз 60 дирам то 90 дирам афзоиш меёбанд.

Абдуҳомид Бобоев, муовини раиси шаҳри Душанбе, мегуяд, ҳадаф аз гарон кардани қимати роҳкиро таъмини беҳтар кардани вазъи мусофирбарӣ дар пойтахти Тоҷикистон ва афзоиш додани музди кори ронандагон будааст. Вай меафзояд, афзоиши қимати маводи сӯхт, барқ ва қисмҳои эҳтиётӣ ба гарон кардани қимати роҳкирои нақлиёти мусофирбарӣ аз сӯи шаҳрдории Душанбе боис шудааст.

Оқои Бобоев афзуд, шаҳрдорӣ ҳангоми афзоши роҳкирои нақлиёти мусофирбар ягон имтиёзе ба табақаҳои камбизоати ҷомеа аз қабили донишҷуёну куҳансолон ҷорӣ накардааст. Вай гуфт, барои онҳое, ки мехоҳанд, аз роҳкирои арзон истифода бикунанд, тариқи истифодаи чиптаҳо роиҷ аст, ки қимати онҳо низ ҳамакун 50 дарсад гарон шуда, барои як моҳ 33 сомонӣ муқаррар шудааст.

Аммо коршиносон мегӯянд, шаҳрдорӣ бо баҳонаи гарон шудани қимати маводи сӯхт роҳкирои нақлиётро гарон карда бошад ҳам, вале қимати маводи сӯхт дар ним соли ахир гарон нашудаст. Азизи Нақибзод коршиноси мустақил мегӯяд, қимати бензин агар шаш моҳ қабл 3 сомонию 20 дирам буд, ҳамон андоза бетағйир боқӣ мондааст. Ва гузашта аз ин бино ба омори расмӣ он 6 дарсад арзонтар шудааст. Оқои Нақибзод афзуд, боло бурдани қимати роҳкиро бар мушкили мардум меафзояд ва вазъи зиндагии онҳоро бадтар мекунад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки шаҳрдорӣ адолати иҷтимоиро аз ёд бурдааст, зеро чунин тасмими шаҳрдорӣ дар ҳолест, ки ҳади ақали маош дар кишвар 20 сомонӣ буда, вазъи иҷтимоии мардум дар шароити афзоиши рӯзафзуни қимати маводи ғизоӣ табоҳ гардидааст ва аксари онҳо имкони харидории маводи ғизоиро рӯз аз рӯз гум мекунанд.

Саид Комилов, як сокини Душанбе бо нигаронӣ аз ин тасмимӣ шаҳрдорӣ гуфт, акнун тавони истифодаи нақлиёти мусофирбари пойтахтро надорад. Вай гуфт, маоши якмоҳааш, ки 40 сомонӣ аст, ба роҳкирояш намерасад ва акнун маҷбур аст, ҳаррӯз то ҷои кор 10 километр роҳро пиёда тай кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG