Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи об як баробар гарон шуд


Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон нархи об дар кишварро як баробар афзоиш додааст. Аз ин ба баъд ҳар як нафар барои об моҳе 1,7 сомонӣ хоҳад пардохт.

Нархи истифодаи об барои ҳар як фард қаблан дар як моҳ ҳамагӣ 85 дирам буд. Масъулини корхонаи обу корези шаҳри Душанбе сабаби ду баробар гаронтар шудани нархи обро ба куҳнаву фарсудашавии системаи обрасонии пойтахт ва ҳамчунин ба зиёдшавии қарзҳои ин корхона аз истифодаи нерӯи барқ рабт додаанд.

Афзоиши сад дарсадии нархи об дар ҳолест, ки тибқи иттилооти расмӣ, 35 дарсади сокинони шаҳри Душанбе ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва обе, ки боқӣ 65 дарсади аҳолӣ аз он имкони истифода доранд, ба меъёрҳои тозагӣ ҷавобгӯ нест. Яъне акнун сокинони Душанбе барои истифодаи оби ғайристандартии пойтахт як баробар гаронтар пардохт хоҳанд кард.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки афзоиши нархи об дар беҳшавии системаи обрасонии пойтахт ва сифати об таъсир нахоҳад гузошт. Онҳо мегуянд, тайи солҳои ахир созмонҳои кӯмакрасони байнулмилалӣ барои азнавсозии системаи обрасонии шаҳри Душанбе даҳҳо миллион доллар додаанд. Аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 2000-ум ба ин сӯ 23 миллион доллар ҷудо намудааст. Вале вазъи оби пойтахт мисли пештара боқӣ мондааст.

Ҳамзамон ба гуфтаи ҷонишини раиси корхонаи обу корези шаҳри Душанбе Мирзо Хушвақтов, барои беҳсозии системаи обрасонӣ ва таъмини тамоми сокинони пойтахт бо оби тоза 600 миллион доллар лозим аст. Вале коршиносон мегуянд, ки бо ин маблағи ҳангуфт, яъне беш аз ниммиллиард доллар, метавон як шаҳраки нав бунёд кард.

XS
SM
MD
LG