Пайвандҳои дастрасӣ

Субҳи дирӯз, 25 май, барои ҳудуди 83 000 хатмкунандагони мактабҳои маълумоти ҳамагонии ҷумҳурии Тоҷикистон «занги балоғат» садо дод.

Ин ҷашн дар мактаби 48 шаҳри Душанбе бо ширкати омӯзгорону хонандагон, намояндагони шӯъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва волидайни хатмкунандагон соати 8-и субҳ оғоз ва соати 9 анҷом ёфт.

Ду сол қабл дар Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе «Занги охирин» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешуд. Хатмкунандагон сароғоз бо ширкати овозхонону раққосаҳо дар мактаб базм барпо менамуданд ва баъди хатми он ба кӯчаҳои шаҳр мерехтанд. Аз кӯчаҳои шаҳр ҷашн ба тарабхонаҳо ва ҳатто сайр ба берун аз шаҳр мекӯчид. Ҳазинаи ин ҷашн ба ҳазорҳо доллар мерасид, ки аз ҳисоби волидайни хонандагон пардохта мешуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавориди мастиву аластии хонандагон ва ҳаводиси нохуш, аз қабили садамаҳои нақлиётӣ ва даргирии миёни хатмкардагонро низ дар ин рӯз ба қайд гирифтаанд.

Акнун рақсу бозӣ ва ҳама гуна чорабиниҳои мактабиён дар ҷашни «Занги балоғат» танҳо як соат идома хоҳад дошт. Дар ҷашни «Занги балоғат»-и мактаби раками 48 шаҳри Душанбе низ рақсу бозӣ сурат гирифт. Аммо ин қисмати барномаро танҳо хонандагони синфҳои поёнӣ иҷро карданд.

Занги охирин яке аз идҳои мактабиёни Тоҷикистон буд, ки аз даврони шӯравӣ то соли 2007 таҷлил мегашт. Моҳи марти соли 2007 Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, тайи вохӯрии анъанавиаш бо зиёиёни кишвар дастур дод, ки «Занги охирин» ба «Занги балоғат» табдил дода шавад ва тантанаву нишастҳои хатмкардагон танҳо дар мактаб сурат гирад.

Зебогул Рожакова, хамкунандаи мактаби рақами 48 шаҳри Душанбе мегӯяд, аз дастури раисҷумҳуру фармони вазири маорифи Тоҷикистон хуш аст. Аз ҳамчунин баргузории ҷашн Раҷабмурод Назаров, волиди яке аз хатмкунандагон, гуфт, аз таҳсили фарзандаш дар мактаби мазкур қаноатманд аст.

Хатмкунандагон ва волидайнашон изҳори уммедворӣ карданд, ки баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонот ба мактабҳои олии кишвар дохил хоҳанд шуд. Соли гузашта аз 102 хатмкардаи мактаби 48 пойтахт 77 нафарашон ба мактабҳои олии Тоҷикистон дохил шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, миёни ҳудуди 10 нафар хатмкунандаи мактаби 48 шаҳри Душанбе як нафар ҳузур надошт. Тавре дар сӯҳбати бидуни микрофон яке аз ҳамдарсони ин духтар гуфт, ӯ ҳанӯз аз миёнаи таҳсил дар синфи 11 ба далели мушкилоти хонаводагӣ аз мактаб рафтааст.



XS
SM
MD
LG