Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бахши Ҳизби деморати Тоҷикистон дар Суғд, ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, бо пахши як изҳорот гуфт, давлати Тоҷикистон бе ислоҳи порлумон ва сиёсати кадрӣ наметавонад ба пешрафт ноил гардад.

Дар изҳороти демократҳои Суғд инчунин омадааст, ки имрӯзҳо шароити бад ва мушкилоти зиёд, аз ҷумла фақру нодорӣ, маоши паст ва болоравии босуръати нархи ғизо, домангири сокинони Тоҷикистон шуда, онҳоро маҷбур сохтааст ба хотири дарёфти рӯзӣ тарки Тоҷикистон намоянд. Файзулло Файзиев, раҳбари бахши суғдии ҳизби мазкур, рӯзи 21–уми май зимни муаррифии изҳороти ҳизбаш гуфт: «Барои он ки вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварамон беҳ гардад, порлумони касбии мавҷударо пароканда намуда, аз сари нав интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллиро ба тариқи алтернативӣ ва шаффоф, бо иштироки ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ баргузор кардан зарур аст. То ки нафароне интихоб шаванд, ки ғамхору дилсӯзи ҳамин халқу миллат бошанд».

Ф. Файзиев бо ишора ба он, ки имрӯз фаъолияти порлумони касбии Тоҷикистон хеле заъиф ба назар мерасад ва 80–90 дарсади қонунҳо аз тарафи ҳокимияти иҷроия омода мегардад, афзуд, «инчунин порлумони касбӣ, ки барои вакилонаш аз ҷониби давлати Тоҷикистон шароиту имтиёҳои зиёд, маошу автомобилҳои хизмативу ва ғайра муҳайё карда шудааст, имрӯз ба кӣ даркор аст?»

Дар ҳамин ҳол коршиносон ва таҳлилгарон изҳороти демократҳои Суғдро ягона вокуниши фарогири як ҳизби сиёсӣ дар вилояти Суғд дар давраи баъди интихоботи парлумонии соли 2005–и ин кишвар дар бораи мушкилоти сокинон мехонанд. Вале онҳо дар ин робита саволе матраҳ мекунанд, ки оё аҳзоби дигари сиёсӣ дар Суғд дар ин маврид чӣ мавқеъ доранд ва фаъолияти худро чи гуна ба раҳ мондаанд?

Дар ин маврид Убайдулло Файзуллоев, сарвари созмони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд, гуфт, ҳизбаш бо инчунин изҳоротҳои ҳизбҳои дигар ҳамовозӣ мекунад, аммо бо як фарқ: «Фарқ ин ки мо фақат ин гуна дар бораи ислоҳ ҳарф зада, аммо байни мардум баромада гап назаданро ба ҳисоб намегирем. Барои он ки аз соли 1991 то ҳамин рӯз мо мебинем, ки дигар ҳизбҳо аз ин ҷиҳати кор сарфи назар кардаанд. Хуб, ба истиснои ҳизби ҳукуматӣ, камтар ҳизби коммунист кор мекунад. Лекин мо ҳалли мушкилотро дар он мебинем, ки ҳизбҳо теъдоди аъзои худро зиёд карда, фаҳмиши сиёсии худҳоро ба мардум фаҳмонида, бо баланд бардоштани дониши сиёсиву ҳуқуқии мардум он талабҳоро дар назди давлат ва ҳукумат гузорем».

Ба ин ақидаи оқои Файзуллоев Дилбар Самадова, муовини сардори бахши ҳизби сотсиал–демократии Тоҷикистондар вилояти Суғд, мувофиқ аст. Вале дар мисоли ҳизбаш мегӯяд, тирагии фазои сиёсӣ ва фишору саркӯбиҳои мақомот ба фаъолияти ҳизби сотсиал–демократӣ латма ворид кардааст. Вай мегуяд, «мо ҳам имкон дорем дар ҳоли ҳозир мавқеъ ва талаботи ҳизбамонро танҳо бо чунин роҳҳо, пахши изҳорот масалан ба давлату ҳукумат расонем. Вале вазъи сиёсии Суғд баргузории гирдиҳамоиву ва мисли инро таҳаммул надорад».

Вале сотсиал–демократҳои Суғд дар се соли пас аз интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар бораи мушкилоти одамон, тарғиби барномаҳои худ, ҷалби таваҷҷуҳи овоздиҳандагон сару садое баланд накардаанд.

Аз ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистон сеяш - сотсиалистӣ, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ - дар Суғд дафтари корӣ надоранд ва аз будани худ танҳо дар давраҳои интихоботӣ дарак медиҳанд. Он ҳам бо ҷонибдорӣ ва тарғиби барномаву номзадҳои ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG