Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«ТоҷикАзот» ба кор даромад


Корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр мавсум ба «ТоҷикАзот» дар шаҳри Сарбанд пас аз таваққуфи беш аз 20-рӯза дубора ба кор андохта шуд.

Тоҷиддин Гадоев, сармуҳандиси корхонаи мазкур, бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, аммо «ТоҷикАзот» ҳамоно на ба иқтидори комил, балки танҳо ба камтар аз 50 дар сади имконоти тавлидотии худ фаъолият хоҳад кард. Иллати аслии тавқифи кори «ТоҷикАзот», танҳо корхонаи тавлиди нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон, коҳиши интиқоли гази Узбакистон ба ин ширкат будааст. Дар зарфи рўзҳои бекорӣ аксар аз фанноварии гароннарху нодири «ТоҷикАзот» ба ҳоли садамавӣ расида ва ҳамзамон хисороти қобили мулоҳиза ба буҷаи корхона ворид кардааст. Тоҷиддин Гадоев, сармуҳандиси «ТоҷикАзот», дар ин иртибот мегўяд:

«Мушкилоти мо то ахир ҳанўз ҳам бартараф нашудааст. Ғайр аз музди моҳонаи 1100 корманд, хисороте, ки аз тавқифи истеҳсолот расидааст, танҳо агар зарари ҳаррўзаи корхона аз истифодаи барқ барои аз кор намондани дастгоҳҳоро ҳисоб кунем, то ба 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ баробар мебошад. Дар се рўзе, ки корхона фаъол буд, дар моҳи май то 40 ҳазор доллари амрикоӣ танҳо аз ҳисоби фишори пасти гази табиӣ хисорот расидааст ба корхона…»

Оқои Гадоев афзуд, аммо бо азсаргирии кори «ТоҷикАзот» низ ҳаҷми гази воридаи Узбакистон бисёр ночиз буда, зимнан дастгоҳҳои тавлидотиро заифу тадриҷан тахриб хоҳад кард. Барои фаъолияти бонизоми ҳар ду хатти технологии «ТоҷикАзот» ҳар соат беш аз 24 ҳазор метри мукааб газ лозим будааст, дар ҳоле ки феълан ширкати мазкур танҳо 8 ҳазор метри мукааб гази узбакӣ дарёфт мекунад. Замони мутаваққиф гардидани кори «ТоҷикАзот» мудирияти он эълом дода буд, ки водор аст беш аз 500 корманду мутахассиси корхонаро барои мўҳлати номуайян ба рухсатии бемузд гусел кунад, аммо ҳоло мегўяд, онҳоро дубора ба кор даъват кардааст.

Дар ҳоле ки мавсими кишту кор дар авҷ ва талабот ба нуриҳои минералию азотӣ бештар аз ҳарвақта будааст, «ТоҷикАзот» аз фаъолият бозмонда ва дар назди кишоварзону соҳибкорон беш аз се миллион сомонӣ, муодили наздик ба як миллион доллар, қарздор шудааст. Гузашта аз ин, ба қавли коршиносон, таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон ба танҳо ширкати тавлидкунандаи нуриҳои минералӣ – «ТоҷикАзот» бастагии зиёд дорад ва бавижа, дар ин шабу рўз, ки мақомоти кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ аз эҳтимоли коҳиши истеҳсолоти маводди ниёзи аввалия, болоравии бесобиқаи нарху наво ва хатари гуруснагию норасоии ғизо дар даҳҳо кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ҳадс мезананд.

XS
SM
MD
LG