Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи тафтиши масҷидҳои ноҳияи Ваҳдат


Мақомоти ноҳияи Ваҳдат, барои танзими кори масҷидҳо як комиссиюни махсус таъсис додаанд. Эҳтимол меравад, бархе аз масоҷид баста шавад.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз таъсиси комиссиюни мазкур санҷиши фаъолияти муассисоти динӣ, татбиқи қавонини ҷорӣ дар амали масоҷид ва ҷилавгирӣ аз нуфузи пайравони равия ва созмонҳои мамнӯъ будааст. Масъулини ноҳияи Ваҳдат гуфтанд, ин комиссиюн аз ҳисоби кормандони мақомоти додситонӣ, милиса, шӯъбаи маориф, кумитаи кор бо занон ва ноболиғон ташкил шудааст.

Ба таъйиди масъулин, комиссиюни мазкур бо ҳадафи омӯзиш ва танзими фаъолияти масоҷид дар қаламрави ноҳия таъсис ёфта ва тайи замони фаъолият иҷроиш ва мурооти қавонинро дар муассисоти динӣ санҷиш хоҳад кард. Гуфта мешавад, ин комиссиюн ҳамчунин қонунмандии ҳузури наврасон дар масоҷид ва фурӯши диску навор ва фиттаҳои динӣ дар назди масҷидҳоро мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод.

Ҳамин манбаъ илова кард, ки яке дигар аз аҳдофи комиссиюн дақиқ кардани теъдоди масоҷиди ғайриқонунӣ дар қаламрави ноҳия аст, ки бо номҳои кумитаи маҳалла, китобхона, чойхона ва ё клуб сабт шуда, вале амалан ҳамчун масҷид истифода мешаванд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, аъзои ин комиссиюн ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши нуфузи пайравони равияи ваҳҳобия ва созмонҳои мамнӯъе, назири «Ҳизб-ут-таҳрир» дар масоҷид бо имомхатибон сӯҳбатҳо анҷом хоҳанд дод, то ки ин созмонҳо натавонанд ҷавононро ба сафҳои худ ҷалб кунанд.

Аммо Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, муъовини имомхатиби масҷиди ба номи Халифа Абдукарими ноҳияи Ваҳдат, таъсиси комиссиюни мазкур ва санҷиши фаъолияти масоҷид аз сӯи мақомотро навъе фишор ва маҳдудсозии озодиҳои мазҳабии шаҳрвандон арзёбӣ кард. Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, мақомот дар қиболи масоҷид ва қавонине, ки озодиҳои мазҳабиро танзим мекунанд, бархӯрди мунсифона надоранд. Аз ин рӯ аз як сӯ ин масоҷидро расман сабт намекунанд, аз тарафи дигар онҳоро ба иттиҳоми ғайриқонунӣ аз фаъолият бозмедоранд. Ба гуфтаи оқои Тураҷонзода, масъулин дуруст ҳамин муносибатро бо фурӯшандагони навору диск ва фиттаҳои исломӣ низ ба роҳ мондаанд.

Аммо тасмими санҷиши фаъолияти масоҷид аз сӯи мақомот дар Тоҷикистон барои бори аввал сурат намегирад. Соли гузашта дар Душанбе - пойтахти кишвар бо дастури масъулин теъдоде аз масоҷид ба иллати надоштани иҷозатнома тахриб шуда ва мавридҳои зиёди рондашавии наврасон аз масҷидҳо аз сӯи намояндагони ҳифзи ҳуқуқи низ ба мушоҳида расида буд. Ва дар гузориши ахири вазорати хориҷаи Амрико роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар сатҳи ҷаҳон низ аз чунин иқдомоти мақомот интиқод шуда ва он ҳамчун нақзи ҳуқуқи башар талаққӣ шуда буд.

Зимнан ноҳияи Ваҳдат аз пурҷамъияттарин навоҳии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин ноҳия рӯҳониёни маъруф ва саршиноси Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси миллӣ ва қозии пешини мусалмонони Тоҷикистон, ва бародарони ӯ, аз ҷумла эшони Нуриддин, ки дар гузашта мақомот навори мавъизаҳои ӯро борҳо нобуд кардааст, ба сар мебаранд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷаласаи ахири ҳукумати ноҳия аз имомхатибони масҷидҳо даъват шудааст, ки бо истифода аз нуфузе, ки дар ҷомеа доранд, дар ҷалби ҷавонон ба хидмати аскарӣ ва риояти қонуни танзими анъана ва маросим бо мақомот ҳамкорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG