Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донишмандони тоҷик қасд доранд, як лоиҳаеро ҷиҳати таҳқиқи хосияти баъзе аз вирусҳои хатарноки паҳншуда дар Тоҷикистон анҷом диҳанд.

Онҳо мехоҳанд, хосияти арбовирусҳо, яъне вирусҳоеро омӯзанд, ки маъмулан таввасути ҳашарот ба инсон ё ки ҳайвон сироят мекунанд ва баъзеи онҳо барои инсон кушанда ҳастанд. Дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон 43 навъи арбовирусҳоро ошкор кардаанд, ки 15 навъи онҳо метавонад, сабаби хуруҷи бемориҳои хатарнок шавад. Дар сӯҳбате, ки бо профессор ва ва мудири озмоишгоҳи вирусологияи Тоҷикистон Фарида Фишкова доштам дар ибтидо аз ӯ хоҳиш кардам, то ҳадафҳои лоиҳаи худро мушаххастар шарҳ диҳад:

Фарида Фишкова: “Пеш аз ҳама ҳадафи тарҳи мо фароҳам кардани шароити озмоишгоҳӣ барои таҳқиқи хосиятҳои молекулавии анвоъи арбовирусҳои мавҷуд дар Тоҷикистон аст. Дар муддати фаъолияти озмоишгоҳи арбовирусҳо дар кишвар, мо вируси бемории вараҷаи хунини қримӣ, вируси нили ғарбӣ, вируси иссиқкӯл, вируси вараҷаи неополитанӣ, вируси вараҷаи хомӯшаки ситсилӣ ва ғайраро ошкор кардаем. Дар кишвари мо бештар вируси вараҷаи хунини қримӣ ва конгоӣ ва вируси нили ғарбӣ ва вируси иссиқкӯлӣ аҳамият дорад, зеро онҳо вирусҳои беморизо барои инсон ҳастанд. Дар сурати сирояти ин вирус ба одам 40 дар сади хатари ҳалокати ӯ вуҷуд дорад“ - мегуяд Фарида Фишкова.

Суол: Онгуна ки мо дар ёд дорем, дар Тоҷикистон мавориди гирифтории инсонҳо ба бемории вараҷаи хунини қримӣ мушоҳида шуда буд, манобеъи ин вирус дар куҷо ва ё паҳнкунандаи он чӣ ҳашарот ё ҷондоре аст?

Фарида Фишкова: “Сарчашма ва паҳнкунандаи ин вирус канаҳо ҳастанд. Агар ин канаҳо сироятшуда бошанд, дар сурати газиданашон вируси беморӣ ба инсон сироят мекунад. Дар баробари бемории вараҷаи хунини қримӣ асосан, чупонҳо, мардуме, ки дар саҳроҳо кор мекунанд, масалан ба алафдаравӣ машғуланд ва ё говҷӯшҳо осебпазиранд. Ҳамчунин мардуме, ки чорвои хонагӣ ба мисли гову гусфанд доранд, дар баробари ин беморӣ осебпазиранд, зеро канаҳо асосан ба бадани ҳайвоноти хонагӣ мечаспанд ва хун мемаканд“.

Суол: Аммо бештар аз ҳама дар кадом манотиқи Тоҷикистон ин навъи ҳашароти хатарнок бисёртар мушоҳида мешавад, ҷануб шимол, ғарб ва ё шарқ?

Фарида Фишкова: “Ин навъи ҳашарот асосан дар ҷануби кишвар, манотиқи доманакӯҳ паҳн шудаанд. Яке аз сарчашмаҳои асосии он навоҳии Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ёвон, Балҷувон, Темурмалик ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо канаҳо бисёр паҳн шудаанд. Мо дар ноҳияи Шаҳритус шоҳиди бемории вараҷаи хунини қримӣ шудем, ки дар онҷо ҳафт нафар баъди хӯрдани гӯшти гови сироятшуда аз вируси вараҷаи хунини қримӣ ба ҳалокат расиданд. Як гове сироят ёфта буд ва қассобоне, ки онро забҳ карданд ва афроде, ки ба хуни гови сироятшуда расида буданд, нисфи онҳо бар асарӣ беморӣ фавтиданд, зеро канаи бемор дар тани ҳайвон ғизо гирифта ва худи вирусро ба тадриҷ ниҳоят беморзо карда буд”.

Суол: То куҷо таҳқиқоти шумо метавонад барои таҳияи ваксина ба зидди ин беморӣ кӯмак кунад? Чун, масалан, дар инҷо дар ҷумҳурии Чех ба зидди беморие, ки он ҳам аз кана ба инсон сироят мекунад, ваксина мекунанд.

Фарида Фишкова: “Барои чӣ таҳқиқи хосияти молекулавии ин навъи вирусҳо муҳим аст, барои он ки мо ваксина ба зидди онро ба даст оварем, чун навъҳои мухталифи вируси вараҷаи хунини қримӣ вуҷуд дорад. Дар баъзе аз минтақаҳо тамиз кардани ин вирус анҷом ёфт ва онро бо вирусҳои мавҷуд дар Чину, Покистону Афғонистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон муқоиса мекунанд. Озмоишҳои муқаддамотии мо нишон дод, ки вирусҳои паҳншуда дар Тоҷикистон бо вирусҳои мавҷуд дар Чин ва Ӯзбакистон монанданд, вале аз вирусҳои паҳншуда дар Русия ва Қазоқистон фарқ мекунанд. Таҳқиқи хосияти молекулавии онҳо барои тавлиди ваксина ва ҳамчунин барои илм ниҳоят муҳим аст, то бидонем, ки кадом навъҳои зиддигении вирусҳо дар Тоҷикистон паҳн шудааст “.

Суол: Лоиҳаи шумо дар роҳи ҷилавгирӣ аз сар задани ин беморӣ чӣ қадр аҳамият дорад?

Фарида Фишкова: “Ҳадафи мо на танҳо ин, балки ҳамчунин иҷро кардани барномаҳои ҷилавгирӣ аз сирояти ин беморӣ аст. Мо мехоҳем дар ноҳияҳое, ки манобеъи ин вирус зиёд аст, барномаҳои омӯзишӣ гузаронем ба мардум фаҳмонем аз ҷумла доир ба вируси вараҷаи хунини қримӣ. Ва дигар ин ки ман танҳо доир ба як арбовирус, яъне вируси вараҷаи хунини қримӣ гуфтам, аммо мо то кунун паҳншавии 6 вирус дар Тоҷикистонро собит кардем. Озмоишгоҳи мо ҳатто ду навъи ношиноси вирус барои илмро, ки он ҳам ба сифни арбовирусҳо шомил мешаванд ошкор кард ва инҳо вирусҳои Ғарм ва вируси Ҳисор мебошанд. Ҳамин гуна ҳадафи дигари лоиҳаи мо ҷустуҷӯи вирусҳои навест, ки дар Тоҷикистон густариш меёбанд”.

XS
SM
MD
LG