Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо гузашти беш аз 15 сол аз қатли охирин қаҳрамони тоҷикистонии Иттиҳоди Шўравӣ Ҳайдар Қосимов, мақомоти додситонии устони Хатлон аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи муттаҳамин дар қатли ў хабар медиҳанд.

Аммо ин барои дуввумин бор аст, ки парвандаи мазкур такроран ифтитоҳ мегардад. Дафъаи аввал дар соли 1993 мақомоти додситонӣ аз таҳқиқи сареъи қатли Ҳайдар Қосимов худдорӣ варзида ва ба сабабе ин парвандаро лағв карда буданд.

Ҳайдар Қосимов яке аз қаҳрамонони ангуштшумори Иттиҳоди Шўравӣ аз Тоҷикистон будааст, ки дар моҳи марти соли 1993 дар ноҳияи Қумсангир аз сўйи афроди номаълуми мусаллаҳ кушта шудааст. Ҳайдар Қосимов он замон 70 сол дошт, узви ҳеҷ як гурўҳи қонунию ғайриқонунии низоъҳои ҳамватанӣ набуд ва ба унвони фирории ҷанг пас аз мавриди оташсўзӣ қарор гирифтани манзили зисташ дар ноҳияи Вахш, дар Қумсангир ба сар мебурд.

Фарзияи расмии мақомоти тафтишотӣ ин аст, ки қатли қаҳрамони охирини Иттиҳоди Шўравӣ кори дасти афроди мусаллаҳест, ки сабукрав ва нишони тиллоии сарисинагии Қосимовро рабудаанд. Варқа Зайниддинов, ёвари аршади додситони Хатлон, дар ин робита мегўяд, «иллатҳои аслии куштор ҳанўз маълум нест. Аммо аз кори ҷиноятӣ бармеояд, ки яке аз омилҳои кушта шудани Ҳайдар Қосимов пеш аз ҳама, набудани қонуну қонуният ва дар авохири соли 1992 ва авоили 1993 дар марзу буми ноҳияи Қумсангир амал кардани қувваҳои зиёди ғайриқонунии мусаллаҳ буд ва гўё ҳамин гуна гурўҳҳо ба хотири ба даст овардани автомашинаи тамғаи «ГАЗ-24» ва медали ситораи тиллоии қамҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ Ҳ. Қосимовро ба қатл расонидаанд…»

Ба эътиқоди Варқа Зайниддинов, феълан қимати нишони Ситораи тиллои қаҳрамонии Ҳайдар Қосимов дар бозорҳои сиёҳи ҷаҳонӣ на кам аз 50 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш доштааст. Маҳз ҳамин ситораи тиллоӣ ва унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ Ҳайдар Қосимов дар соли аввали ҷанги шаҳрвандӣ чанд маротиб ўро аз қатли ваҳшиёна эмин доштааст.

Шоҷон Ҳусейнов, раиси собиқи ноҳияи Қумсангир, бо ёдоварӣ аз Ҳайдар Қосимов мегўяд, «…пас аз вуруди фронти халқӣ ба Қумсангир ва шурўъи бесарусомониҳо дар моҳи декабри соли 1992, Қосимов бо хитоб ба раисҷумҳури Русия Борис Елтсин ва қумандони фирқаи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон генерал Муҳриддин Ашўров, аз онҳо суол мекунад, ки чаро иддае аз низомиёни рус ба ҳарду ҷониби даргири ҷанг силоҳу муҳиммот мефурўшанд?... Ҳоло дар назди бозори колхози «Коммунизм» аз ҷасадҳои кушташудаҳо қабристони дастаҷамъие пайдо шудааст…»

Ба гуфтаи оқои Шоҷонов, ин нутқи қаҳрамони Иттиҳоди Шўравиро ба қумандоне дигаргуна тафсир медиҳанду қумандон фармони қатли Қосимовро содир мекунад. Ва аммо Зебо Сатторова, номзади улуми таърих, бар ин назар аст, ки Ҳайдар Қосимов қурбони маҳалгароиҳои ҳамватанонаш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гардидааст: «Дар қатли Қосимов ягон омили ҷиддӣ набуд. Вай солҳои ахир ба сиёсат умуман дахолат ҳам намекард. Танҳо раҳбарии совхози асппарварии ноҳияи Вахшро бар дўш дошт солҳои ахир. Ҳамон вақт маҳалгароӣ дар Тоҷикистони ҷангзада авҷ гирифта буд, ҷумҳурӣ ба ду лагери баҳамзид тақсим шуд: кўлобиҳо ва ғармиҳо. Барои қотилони Ҳайдар Қосимов танҳо ин баҳона кифоя буд, ки вай аслан аз мардумони минтақаи Ғарм аст».

Хонум Сатторова мегўяд, Ҳайдар Қосимов дар 1200 муҳорибаи хунини ҶБВ ширкат варзида, ҳайати шахсии воҳиди низомияш зиёда аз сад маротиб тағийр хўрдаву ў танҳо зинда мондааст, ҳазорҳо-ҳазор муҳиммоти ҷангӣ, миллионҳо сарбози адў дар майдони ҷанги 4-солаи солҳои 40-ум натавонист Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравиро шикаст диҳад, аммо вай дар кўҳансолии худ аз дасти ҳамватанонаш ба ҳалокат расид.

Ҳамакнун бо гузашти 15 сол аз қатли Ҳайдар Қосимов, изҳои ҷиноят тақрибан гум шуда, шоҳидони ҳодиса қисме фавтида ва бархе дигар маҳалли иқоматашонро тағйир додаанд. Аммо мақомоти додситонӣ иддао доранд, ки ояндаи наздик омилони қатли вопасин Қаҳрамони тоҷикистонии Иттиҳоди Шўравиро пайдо карда ва ба муҷозот хоҳанд кашид. «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст!» - мегўянд онҳо, аммо инро, албатта, вақт нишон медиҳад…

XS
SM
MD
LG